Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави Тоҷикистон оид ба гуштии озод маълум шуданд


Ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии озод.
Ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии озод.

Рӯзҳои 12-13-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии озод баргузор шуд. Дар рақобатҳо 123 варзишгар дар ҳайати 8 даста – дудастаӣ аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин дастаҳои ВМКБ (вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) ва ШНТМ (шаҳру навоҳии тобеи марказ) ширкат варзиданд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, иштироккунандагони мусобиқа тибқи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW) аз рӯи 10 дараҷаи вазнӣ қувваозмоӣ карданд.

Гуштигирони шаҳри Душанбе, ки дар ҳамаи вазнҳо ғолиб омаданд, бо даҳ медали тилло мукофотонида шуданд. Инчунин душанбегиҳо бештари медалҳоро ба даст оварданд – ҳамагӣ 29 медал. Варзишгарони вилояти Суғд 1 медали нуқраву 4 биринҷӣ, Хатлон-2 як нуқраву 3 биринҷӣ, ВМКБ ва ШНТМ яктоӣ медали биринҷӣ гирифтанд.

“Қаҳрамонҳои нави Тоҷикистон оид ба гуштии озод дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти байналмилалӣ шарафи варзиши тоҷикро ҳифз хоҳанд кард”, - гуфт ба Радиои Озодӣ Абдурозиқ Олимов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии озод дар соли 2020:

Вазни 57 кг
1. Абдуллоев Илҳомбахш, Душанбе
2. Наимов Муҳаммад, Душанбе
3. Мубинҷонов Аваз, Душанбе
3. Қодиров Ҷамшедҷон, Суғд

Вазни 61 кг
1. Холов Комрон, Душанбе
2. Гулов Саидҷон, Душанбе
3. Машрабов Оятулло, Душанбе
3. Иноятов Расулҷон, Хатлон-2

Вазни 65 кг
1. Шарифов Ҷамшед, Душанбе
2. Усмонзода Фарҳод, Душанбе
3. Аминзода Хайём, Суғд
3. Бобоев Ҳумайнӣ, Хатлон-2

Вазни 70 кг
1. Ашрафхонов Мадасан, Душанбе
2. Абдулҳаев Сорбон, Душанбе
3. Хоҷаев Ислом, Душанбе
3. Мамадҷони Муҳсинҷон, Суғд

Вазни 74 кг
1. Шарифов Ғуломҷон, Душанбе
2. Мӯсоев Абубакр, Хатлон-2
3. Одинамади Ҳасан, Душанбе
3. Одинамамадов Ҳасан, Душанбе

Вазни 79 кг
1. Икромов Сомонҷон, Душанбе
2. Мавлонназаров Ансор, Душанбе
3. Сардоров Қосимҷон, Душанбе
3. Муъминов Умаршоҳ, Душанбе

Вазни 86 кг
1. Расулов Зоирҷон, Душанбе
2. Ҳалимзода Салимҷон, Душанбе
3. Карамхудоев Тутиё, ВМКБ
3. Мамадризоев Муяссар, Душанбе

Вазни 92 кг
1. Қодиров Баҳодур, Душанбе
2. Файззода Файзӣ, Душанбе
3. Мустафиров Руслан, ШНТМ
3. Ализода Муҳаммадҷон, Суғд

Вазни 97 кг
1. Маҳмадбеков Раҳмон, Душанбе
2. Маҳмадализода Комрон, Душанбе
3. Наимов Яъқуб, Душанбе
3. Раҷабов Шукрулло, Душанбе

Вазни 125 кг
1. Анақулов Фарҳод, Душанбе
2. Собитов Фарҳод, Суғд
3. Олимов Рамазон, Душанбе
3. Мирзохоҷаев Илҳомхуҷа, Хатлон-2

XS
SM
MD
LG