Ҳукми ӯ моҳи апрели соли оянда адо мешавад, вале ӯро ба ҷиноятҳои номаълуми дигаре муттаҳам кардаанд.
Корманди созмони хайрия ва духтари хурдашро соли 2016 дар фурудгоҳи Теҳрон дастгир карданд. Ӯ тамоми иттиҳомотро беасос номида ва рад кардааст. Хонаводаи ӯ бовар дорад, ки Нозанин Зоғарӣ-Ратклиф василае дар муомилаи нотамоми хариди тонкҳо аз Бритониё шудааст, ки Эрон пеш аз инқилоби исломӣ пулашро дода, вале худи онҳоро дигар нагирифтааст.
Нозанин Зоғарӣ-Ратклифро рӯзи 8-уми сентябр барои эълони иттиҳомоти нав ба додгоҳи Теҳрон бурданд. То ҳол нагуфтаанд, ки кадом иттиҳом. Шавҳараш мегӯяд, хабари муҳокимаи нав оилаашонро ғамзада кард.
Ричард Ратклифф, шавҳари Нозанин Зоғарӣ мегӯяд, «мо то кунун як василаи муомила шудаем. Ман возеҳ гуфтаам, ки дар воқеъ ӯ як гаравгон аст.»
Ратклифф бовар дорад, Эрон ҳамсари ӯро барои ба даст овардани 520 миллион доллари кишвар истифода мебарад. Ин пулро соли 1979 шоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ барои хариди тонкҳо ба Бритониё пардохт, вале баъд аз суқути шоҳ дар ҳамон сол Эрон ҳеч тонк нагирифт.
Ҷулия Норман, таҳлилгари амниятии Коллеҷи Донишгоҳи Лондон гуфт, “Бритониё розӣ шудааст, ки 400 миллион фунти онро бипардозад, вале ба сабаби таҳримҳо иҷрои ин кор тақрибан имконнопазир аст.”
Бритониё низ намехоҳад, ин масъалаи қарз бо парвандаи хонум Зоғарӣ вобаста шавад. «Онҳо намехоҳанд, ин шева самар бидиҳад, чун мисли он менамояд, ки Бритониё як навъ боҷ мепардозад», -- афзуд Ҷулия Норман.
Эрон дар гузашта низ эрониҳоеро, ки шаҳрвандии кишварҳои ғарбӣ ба мисли Амрикову Фаронса, Канада ва Австралияро доранд, бо иттиҳоми шубҳабарангез дастгир кардааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Ҷулия Норман, таҳлилгари амниятии Коллеҷи Донишгоҳи Лондон гуфт, дар воқеъ, ҳоло Эрон таъсири неши таҳримҳо, бахусус таҳримҳои Амрикоро эҳсос мекунад ва саъй дорад, ҳар ҷое метавонад, зӯри бозу нишон диҳад. Ба қавли ӯ, «ҳадафаш масоили дохилӣ низ ҳаст. Муҳим аст, бигуем, ки боздошту зиндонӣ карданҳо зери назари Сипоҳи Посдорон ва раҳбари олии Эрон сурат мегирад. Ин як навъ ақиб задани унсурҳои муътадил дар дохили ҳукумат аст.»
Бритониё соли гузашта Зоғарӣ-Ратклиффро таҳти ҳимояти дипломатӣ гирифт ва қазия як баҳси расмӣ байни Лондону Теҳрон шуд.
Ричард Ратклифф, шавҳари Нозанин Зоғарӣ-Ратклиф мегӯяд, «мо ин қадар талошҳои дипломатӣ кардем, ки Нозанинро ба хона баргардонем ва натиҷа чӣ шуд? Онҳо парвандаи дигар боз кардаанд. Зарур аст, аксуламале кунанд. Ин воқеан як бозии золимонаест, ки тарҳрезӣ кардаанд ва ҳукумат ҳар коре, ки мекунад, самар надорад.»
Духтари 6-солаи оила Габриелла ҳоло дар Лондон бо падараш аст. Моҳи март баъд аз паҳншавии коронавирус ва барои кам кардани зиндониён Нозанин Зоғарӣ-Ратклифро муваққатан озод карданд. Дар хонаи волидонаш дар Теҳрон аст ва дар пояш абзори назорати ҳаракат дорад. Мумкин аст, муҳокимаи наваш рӯзи якшанбе оғоз ёбад.