Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхири қаҳрамонии Осиё миёни наврасон ва ҷавонон ва лағви Ҷоми AFC   


Рақобат миёни дастаҳои футболи Осиё. Акс аз бойгонӣ.
Рақобат миёни дастаҳои футболи Осиё. Акс аз бойгонӣ.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Баҳрайн ва ҷавонон (U-19) дар Узбекистон ба соли 2021 интиқол ёфт. Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), ки 10-уми сентябр ба таври онлайн доир гардид, гирифта шуд. Дар ин бора сомонаи расмии AFC хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, кумитаи иҷроияи AFC иқрор шуд, ки пандемияи COVID-19 имкон надод мусобиқаҳо имсол баргузор шаванд. Ба хотири ҳифзи саломатии варзишгарони ҷавон ва мушкилоти сафар қарор қабул шуд, ки мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Баҳрайн ва ҷавонон (U-19) дар Узбекистон ба соли 2021 гузаронида шавад.

Инчунин бо тасмими кумитаи иҷроияи AFC қаҳрамонии Осиё оид ба футзал, ки бояд моҳи ноябр дар Ишқободи Туркманистон сурат мегирифт, ҳамакнун рӯзҳои 2-13-уми декабри имсол дар Кувайт баргузор мешавад.

“Бо дарназардошти мушкилот ҷиҳати ҳамоҳангсозии панҷ минтақаи Ҷоми AFC, инчунин ба анҷом расидани мусобиқаҳои маҳаллӣ дар аксар кишварҳо кумитаи иҷроияи AFC тасмим гирифт, ки Ҷоми AFC-2020 лағв шавад”, - хабар додааст сомонаи расмии AFC.

Бинобар ин, дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ки дар доираи Ҷоми AFC-2020 як бозӣ анҷом дода буданд, наметавонанд имсол дар мусобиқаи моҳиятан дувуми бошгоҳии Осиё ширкат варзанд.

Баргузории бозиҳои минтақаи шарқии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 ҳамакнун дар давраи аз 15-уми ноябр то 13-уми декабри соли равон ба нақша гирифта шуд.

Кумитаи иҷроияи AFC, инчунин тасдиқ кард, ки финали Лигаи қаҳрамонҳо дар минтақаи ғарбӣ 19-уми декабри имсол баргузор шуда, аз як бозӣ иборат аст.

Ҳамчунин, қарор қабул шуд, ки Конгресси 30-юми AFC 9-уми декабри имсол дар Куала-Лумпур ба таври онлайн доир карда шавад.

XS
SM
MD
LG