Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал, ки рӯзи шанбеи 12-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, дастаҳои “Соро компания”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳам рақобат мекунанд.
Рӯзи 9-уми сентябр бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал доир гардид. Дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, дастаҳои "Муҳоҷир" ва "Соро компания" рӯ ба рӯ шуданд. Ин бозӣ бо пирӯзии “Соро компания” бо ҳисоби 3: 0 хотима ёфт. Голҳоро Некрӯз Алимаҳмадов, Рустам Ҳамидов ва Муҳаммад Раҷабов ба самар расонданд.
Бозии дигари нимфиналӣ миёни дастаҳои "Истаравшан" ва "Равшан", ки дар маҷмааи варзишии "Далерон" -и шаҳри Истаравшан баргузор шуд, бо ғалабаи меҳмонон бо ҳисоби 8:7 анҷом пазируфт. Умеди Ҳусайн аз дастаи “Равшан”, ки се гол зад, беҳтарин бозигари дидор дониста шуд.
Ҳамин тариқ, дастаҳои “Соро компания”-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб дар финали Ҷоми футзали Тоҷикистон-2020 вомехӯранд. Ин бозӣ, ки рӯзи шанбеи 12-уми сентябр дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и Хуҷанд баргузор мешавад, соати 16:00 оғоз меёбад.
Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал
1/2 финал
"Муҳоҷир" - "Соро компания" - 0: 3
Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 23 (0: 1). Рустам Ҳамидов, 26 (0: 2). Муҳаммад Раҷабов, 32 (0: 3).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Вахтанг Кекелия (“Соро компания”).
«Истаравшан” – “Равшан” - 7: 8
Голҳо: Фаридун Расулов, 1 (1: 0). Шаҳбоз Бобоҷонов, 3 (2: 0). Шаҳбоз Бобоҷонов, 7 (3: 0). Умеди Ҳусайн, 9 (3: 1). Умеди Ҳусайн, 9 (3: 2). Қадам Абилов, 12 (3: 3). Фаридун Расулов, 15 (4: 3). Иброҳим Мирзоев, 20 (4: 4). Ҷамшед Муродов, 21 (4: 5). Фаридун Расулов, 22 (5: 5). Идимад Авзалов, 23 (5: 6). Парвиз Раупов, 28 - ба дарвозаи худ (5: 7). Ҳусейн Расулов, 29 (6: 7). Беҳрӯз Сангинов, 37 (7: 7). Умеди Ҳусайн 38 (7: 8).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Умеди Ҳусайн (“Равшан”).
Финал
12-уми сентябр (шанбе)
Оғози бозӣ - соати 16:00
“Соро компания” – “Равшан”
Хуҷанд, маҷмааи варзишии "Қасри варзиш"
Ин тараф Ворух вай тараф Хоруг кадом тарафи гранитца но тинч аст масалаи марз ин тараф бо Киргизия вай тараф бо Хитой давно хал шудаги гучора мо химоя намоем бо ин генералхои часур ба чанг рафтан хафнок аст яке бо махкам накунанд
Короче говоря, наши успехи как всегда нулевые
Қарзгирандаҳои Муҳтарам ҳо илтимос тон мекунем аму пулҳои хдмона баргардонед. АЛЛО гуфти Ака ё Додар гуфти пул додемтон., то мушкили шумо ҳал шавад ва мо Дустонатон кори савоб гирем. Кам - камак ҳам биёред -минусш кардан мегирем. Худо ҳидоятон кунад ИЛТИМОС пуломона баргардонед. Бе СУД бозию Бе ПРОКРАТУРА.
Худо раҳмату махфираташ кунад.
хизматгори содиқ, кахрамони мардуми. Устоди дурнамову содиқи ватан - руҳатон шод бод. Ба аҳли оила - сабри ҷамил.