Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми марҳилаи аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон- 2020


Лигаи касбии футзали Тоҷикистон.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон.

Марҳилаи аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 бо бозии ниҳоии давраи дувум миёни дастаҳои Сипар”-и Хуҷанд ва «Равшан»-и Кӯлоб ба поён расид. Ин бозӣ, ки 8-уми сентябр дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, бо пирӯзии “Сипар” бо ҳисоби бузурги 19:3 хотима ёфт.

Дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания» -и Душанбе, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи аввали лига мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро ишғол карданд, ба нимфинал баромаданд ва дар ин марҳилаи қаҳрамонии Тоҷикистон рақибони худро интизор мешаванд.

Ҷуфтҳои чорякфиналиро «Муҳоҷир» - «Самандар» ва «Истаравшан» - «Равшан» ташкил доданд. Бозиҳои чорякниҳоӣ аз силсилаи то ду ғалаба иборатанд. Ғолибони чорякфинал ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд ва дар ин марҳила бо “Сипар” ва “Соро компания”, ки ду бозии аввалини хонагии худро баргузор мекунанд, рақобат хоҳанд кард. Марҳилаи ниманиҳоӣ низ аз силсилаи то ду пирӯзӣ иборат аст.

Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ ба финал роҳ пайдо мекунанд ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷоизаи биринҷӣ мубориза мебаранд. Тибқи низомномаи мусобиқа финал ва силсила барои "биринҷӣ" аз бозиҳои то се бурд иборатанд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Бозии даври 10-ум

«Сипар» – «Равшан» – 19:3

Голҳо: Собирҷон Гулаков, 1 (1:0). Дилшод Саломов, 1 (2:0). Алишер Сафаров, 4 (3:0). Иброҳим Мирзоев, 8 – ба дарвозаи худ (4:0). Иқбол Воситзода, 9 (5:0). Алишер Сафаров, 10 (6:0). Илёс Чотбоев, 11 (7:0). Давид Асланян, 11 (8:0). Собирҷон Гулаков, 12 (9:0). Валиҷон Валиев, 14 (10:0). Адам Қобилов, 21 (10:1). Иброҳим Мирзоев, 22 (10:2). Собирҷон Гулаков, 24 (11:2). Давид Асланян, 27 (12:2). Собирҷон Гулаков, 28 (13:2). Парвиз Раҳматов, 32 (14:2). Парвиз Раҳматов, 33 (15:2). Собирҷон Гулаков, 36 (16:2). Собирҷон Гулаков, 36 (17:2). Давид Асланян, 37 (18:2). Парвиз Раҳматов, 38 (19:2). Адам Қобилов, 39 (19:3).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Парвиз Раҳматов («Сипар»).

8-уми сентябр. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Сипар» (Хуҷанд)

10

9

1

0

87-25

28

2

«Соро компания» (Душанбе)

10

8

1

1

82-17

25

3

«Муҳоҷир» (Душанбе)

10

5

0

5

57-51

15

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

10

4

0

6

66-72

12

5

«Равшан» (Кӯлоб)

10

2

0

8

45-98

6

6

«Самандар» (Турсунзода)

10

1

0

9

37-111

3

Нишонзанҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов («Истаравшан») – 21 тӯб, Самандар Ризомов («Муҳоҷир») – 20 тӯб, Собирҷон Гулаков («Сипар») – 19 тӯб, Иқбол Воситзода («Сипар») – 15 тӯб, Фаридун Расулов («Истаравшан») – 13 тӯб, Некрӯз Алимаҳмадов, Муҳаммад Раҷабов (ҳарду аз «Соро компания») – 11 тӯбӣ.

1/4 финал

«Муҳоҷир» – «Самандар»

«Истаравшан» – «Равшан»

XS
SM
MD
LG