Дастаи “Зебонисо”-и Душанбе, ки дар бозии охирини Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон бар тими “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии кишвар гардид.
Бозии марказии даври ҳаждаҳуми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона рӯзи чоршанбе, 9-уми сентябр, дар шаҳри “Бохтар “ миёни «Хатлон» ва «Зебонисо» сурат гирифт. Барои ғолиб шудан дар қаҳрамонии кишвар футболбоздухтарони «Хатлон»-ро дар ин бозӣ натиҷаи мусовӣ комилан қаноатманд мекард. Ба «Зебонисо» бошад, барои ба даст овардани медалҳои тилло танҳо ғалаба зарур буд.
Бозии ҳалкунанда бо пирӯзии дастаи пойтахти кишвар бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт. Голҳои дастаи ғолибро Наталя Сотникова, Некӯбахт Худододова ва Нисо Абдуллоева ба самар расонданд.
Ба шарофати пирӯзӣ дар ин дидор «Зебонисо» бо касби 49 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона мақоми аввалро соҳиб шуд. Ба ин комёбӣ дастаи шаҳри Душанбе бо раҳбарии мураббӣ Зебо Гасимова мушарраф гашт. Қаблан «Зебонисо» соли 2018 дар қаҳрамонии кишвар ғолиб шуда буд.
Ба дастаи «Хатлон»-и Бохтар, ки бо касби 47 имтиёз мақоми дувумро соҳиб шуд, медалҳои нуқра тақдим гардид. Дастаи «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ, ки бо касби 42 имтиёз мақоми севумро азони худ кард, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардид.
Ҷоизаи беҳтарин дарвозабони қаҳрамонии Тоҷикистон ба Сайёра Саидова («Зебонисо») супурда шуд. Лайло Ҳалимова, ҳамлагари дастаи “Хатлон”, ки дар 18 бозӣ 78 гол задааст, беҳтарин нишонзани мусобиқа эътироф шуд. Ҷоизаи беҳтарин бозигари мусобиқа насиби Рафина Нормуродова аз дастаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав гардид.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона . Даври 18-ум
«Хатлон» – «Зебонисо» – 0:3
«Ҳосилот» – «Бешкент» – 0:6
«Панҷшер» – «Чашма» – 1:0
«Зебо» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1
«Барқ» – «Равшан» – 0:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Зебонисо» (Душанбе) |
18 |
16 |
1 |
1 |
171-3 |
49 |
2 |
«Хатлон» (Бохтар) |
18 |
15 |
2 |
1 |
133-8 |
47 |
3 |
«Зебо» (Дӯстӣ) |
18 |
13 |
3 |
2 |
124-12 |
42 |
4 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
18 |
12 |
1 |
5 |
94-19 |
37 |
5 |
«Бешкент» (Носири Хусрав) |
18 |
9 |
2 |
7 |
67-27 |
29 |
6 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
18 |
4 |
1 |
13 |
9-83 |
13 |
7 |
«Барқ» (Норак) |
18 |
3 |
3 |
12 |
7-106 |
12 |
8 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
18 |
3 |
3 |
12 |
9-117 |
12 |
9 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
18 |
2 |
4 |
12 |
18-121 |
10 |
10 |
«Чашма» (Шаҳритус) |
18 |
3 |
0 |
15 |
10-152 |
9 |
Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 78 тӯб, Мадина Фозилова («Зебо»/«Зебонисо») – 58 тӯб, Рафина Нормуродова («Бешкент») – 44 тӯб, Шукронаи Ҷумъахон («Зебо»/«Зебонисо») – 32 тӯб, Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 30 тӯб.
Филмхои тасвири давом дорад. Давом дорад..
Элита дар русия бо хукуматаш дар сиесат ШАРИК аст кишри БАЙН(средний класс)аслан бо кору бори зиндагии ХУД машгулу парвои сиесат НАДОРАД он не ки от зарплаты до зарплаты от пенсии до пенсии тамоман дар сиесат БОМБА ва дар давлаташон ЧИ?!мегузарад аз забони путину пескову салавеву скабаеваву киселеву аз хамик кабил шулерони ГУЗАРО мефахманд...россия на данный МОМЕНТ дар ботлоки ЧОХИЛИЯТ по самые НЕХОЧЮ гутидааст...
Bas kuned hamin sharmandagiatonro. Digar agar gapi rost ham az televizoraton sado dihad mardum ba on bovar namekunand. Guzorishaton ghairikasbi, tuhmat va xiyonat ast.
Аз ин ҷом шунидам. Ин ҷом бо ман сухан мегӯяд. Ҷом мегӯяд Юсуфро бародаронаш зарбу шатри зиёд карда, ва ба чоҳаш андохтанд.
Ду кишвар дар ҷаҳон аз ҷиҳати сиёсӣ хеле монанданд: эрон ва россия. Дар ҳарду кишвар истибдоду диктатура, саркӯби мухолифин, қатлу зиндону эъдом, ҳарду кишвар мардумаш қашшоқ (за чертой бедности), вале дар кишварҳои ҳамсоя ҷангҳои бемаъниро ба роҳ мондаанд, зидди ҳарду кишвар таҳримҳои байналмиллалӣ, ҳарду ҳам идаои дину арзишҳои миллӣ мекунанд ва дигар шабоҳатҳои олами вуҳуш…!