Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаронтарин футболбози ҷаҳон ба COVID-19 гирифтор шуд


Килиан Мбаппе, бозигари дастаи "Пари Жен-Сермен".
Килиан Мбаппе, бозигари дастаи "Пари Жен-Сермен".

Ҳамлагари бошгоҳи футболи «Пари Жен-Сермен” (ПСЖ) ва мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе ба коронавирус гирифтор шуд. Дар ин бора сайти Федератсияи футболи Фаронса хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар арафаи бозии дастаи мунтахаби Фаронса дар Лигаи миллатҳои УЕФА бо Хорватия, ки рӯзи 8-уми сентябр ба нақша гирифта шуда буд, натиҷаи ташхиси футболбоз мусбат баромад.

Ҳамлагар маҳалли ҷойгиршавии дастаи мунтахабро тарк кард ва дар бозӣ ширкат наварзид. Зимнан, дастаи мунтахаби Фаронса шаби сешанбе дар бозии Лигаи миллатҳои УЕФА мунтахаби Хорватияро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод.

Бозигари 21-солаи фаронсавӣ тибқи портали бонуфузи transfermarkt.de гаронтарин футболбоз дар ҷаҳон ба шумор меравад. Арзиши интиқолии Мбаппе 180 миллион евроро ташкил медиҳад. Дар соли 2018 ҳамлагар якҷоя бо тими миллии Фаронса қаҳрамони ҷаҳон шуд. Ӯ беҳтарин бозигари ҷавони қаҳрамонии ҷаҳон – 2018 эътироф гаштааст.

Мбаппе тобистони соли 2017 аз бошгоҳи “Монако” ба “Пари Сен-Жермен” ба иҷора дода шуд. Пас аз як сол бошгоҳи Париж ҳамлагарро ба маблағи 145 миллион евро харид. Мавсими гузашта Мбаппеи 21-сола дар 20 бозии қаҳрамонии Фаронса ширкат варзида, 18 гол задааст. Шартномаи футболбоз бо бошгоҳ то тобистони соли 2022 амал мекунад.

Сомонаи расмии Федератсияи футболи Фаронса, инчунин хабар додааст, ки бозигарони “Пари Сен-Жермен” - ҳамлагарон Неймар ва Мауро Икарди, нимҳимоятгарон Анхел Ди Мария ва Леандро Паредес - ба коронавирус гирифтор шудаанд. Ин бозигарон чанде пеш аз таътил дар Ибитса баргаштанд.

XS
SM
MD
LG