Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Токио новобаста аз коронавирус баргузор мешавад


Ноиби президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Ҷон Коутс итминон дод, ки Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио новобаста аз вазъи коронавирус баргузор хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳо ибтидо бояд моҳҳои июл - августи соли 2020 баргузор мешуданд, аммо бинобар пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуданд.

“Олимпиада баргузор мешавад - бо коронавирус ё бидуни он. Бозиҳо 23-юми июли соли 2021 оғоз мешаванд. Ин Бозиҳое хоҳанд буд, ки бар COVID-19 ғолиб меояд, нур дар охири нақб. Дар баъзе кишварҳо пандемия таҳти назорат хоҳад буд, дар баъзе кишварҳо на хайр. Ба Олимпиада варзишгарони ҳам он кишварҳо ва ҳам кишварҳои дигар меоянд. Кишвари мизбон бо чолиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд», - иқтибос меорад Ҷонс Коутсро Оҷонсии Франс-Пресс (AFP).

Қаблан раҳбари Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопинг (WADA) Витолд Банка Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо маҳрум кардан аз ҳаққи ширкат дар Олимпиада таҳдид карда буд.

То ҳоло аз Тоҷикистон ду варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев – дар риштаи бокс ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио роҳхат гирифтаанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG