Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози тоҷик муқобили "Тоттенҳэм"-и Англия бозӣ мекунад


Дастаи "Локомотив"-и Пловдиви Булғористон.
Дастаи "Локомотив"-и Пловдиви Булғористон.

Футболбози дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати бошгоҳи "Локомотив"-и Пловдиви Булғористон дар марҳилаи дувуми интихобии Лигаи Аврупо муқобили "Тоттенҳэм"-и Англия бозӣ хоҳад кард.

Ягона бозии ин марҳилаи мусобиқа дар Булғористон 17-уми сентябр баргузор хоҳад шуд. Дар ҳолати зарурӣ замони изофа ва силсилаи пеналтӣ таъйин карда мешавад. Ғолиб ба марҳилаи севуми интихобии Лигаи Аврупо роҳ меёбад.

Бояд гуфт, «Локомотив» -и Булғористон, ки нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоеви 25-сола аз моҳи июни соли 2016 дар он бозӣ мекунад, бо вуҷуди он ки дар даври якуми қаҳрамонии Булғористон панҷум шуд, ба марҳилаи аввали интихобии Лигаи Аврупо роҳ ёфт, зеро лигаи Булғористон нисбат ба талаботи аврупоӣ қоидаҳои аҷиб дорад.

- Мусаллам аст, ки "Локомотив" барои «Тоттенҳем» рақиби беҳтарин нест. На танҳо ба далели он ки бозӣ бо сафар ба Булғористон алоқаманд аст (ба англисҳо лозим меояд бо дастаи Аврупои Шарқӣ дар майдони рақиб дар бозии ягона ширкат кунанд), балки инчунин ин мубориза се рӯз пеш аз бозии «Тоттенҳем» бо «Саутгемптон» дар меҳмонӣ дар Премйер-Лигаи Англия рух медиҳад", - гуфта мешавад дар сайти мухлисони дастаи Англия.

Парвизҷон Умарбоев 1-уми ноябри соли 1994 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон аз соли 2015 дар 14 бозии расмӣ иштирок карда, 5 гол задааст.

Фаъолияти футболбозиаш дар ҳайати дастаи ҷавонони «Рубин»-и Қазон шуруъ шуда, дар 18 бозӣ 8 гол ба самар расондааст. Дар ҳайати асосии «Рубин» 26-уми сентябри соли 2012 дар 1/16 финали Ҷоми Русия муқобили «Енисей»-и Красноярск бозӣ кардааст.

Соли 2013 ба бошгоҳи «Нефтехимик»-и Нижнекамск ба иҷора дода шудааст. Соли 2014 дар дастаи «Химик»-и Дзержинск ҳунарнамоӣ кардааст. Моҳи марти соли 2015 ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе гузаштааст.

Умарбоев, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро дорад, соли 2012 ба мунтахаби наврасони ин кишвар даъват шудааст.

Аз моҳи марти соли 2015 дар ҳайати мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон ва аз моҳи майи ҳамон сол ба ҳайати тими миллии кишвар дохил шудааст.

XS
SM
MD
LG