Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020: Ҷуфтҳои чорякфиналӣ маълум шуданд


Рӯзи якшанбе, 6-уми сентябр, ду бозии даври ниҳоии марҳилаи дувуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон доир гардид.

«Муҳоҷир»-и Душанбе дар бозии хонагиаш «Самандар»-и Турсунзодаро бо ҳисоби бузурги 11:1 шикаст дод. Дар ҳайати душанбегиҳо Самандар Ризомов панҷ гол ба самар расонд.

Дар бозии дигар қаҳрамони феълии Тоҷикистон «Соро компания»-и Душанбе дар меҳмонӣ «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард. Ду голи Насим Шарипов ва голҳои Идрис Ёров ва Муҳаммад Раҷабов ба «Соро компания» се имтиёз овард.

Имрӯз, 8-уми сентябр, бозии охирини даври ниҳоии марҳилаи дувум баргузор мешавад. Ғолиби қисми аввали лига - «Сипар»-и Хуҷанд – дар хона бо «Равшан»-и Кӯлоб рақобат мекунад.

Ҳамин тариқ, «Сипар» ва «Соро компания» ба нимфинали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон роҳ пайдо карданд ва ҳарифони худро дар ин марҳилаи мусобиқа интизор мешаванд.

Ду ҷуфти чорякфиналиро «Муҳоҷир» – «Самандар» ва «Истаравшан» – «Равшан» ташкил карданд. Бозиҳои 1/4 финал аз силсилаи то ду пирӯзӣ иборатанд ва баъди анҷоми Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал барпо мегарданд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 10-ум

«Муҳоҷир» – «Самандар» – 11:1

Голҳо: Самандар Ризомов, 8 (1:0). Акбар Маманазаров, 18 (1:1). Самандар Ризомов, 19 (2:1). Хайём Дарвешов, 23 (3:1). Самандар Ризомов, 24 (4:1). Беҳрӯз Алимаҳмадов, 28 (5:1). Нуриддин Маҷидов, 29 (6:1). Самандар Ризомов, 32 (7:1). Самандар Ризомов, 34 (8:1). Беҳрӯз Алимаҳмадов, 35 (9:1). Муҳаммадҷони Асламхон, 37 (10:1). Хайём Дарвешов, 39 (11:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Муродҷон Муродов («Муҳоҷир»).

6-уми сентябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ.

«Истаравшан» – «Соро компания» – 2:4

Голҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов, 2 (0:1). Насим Шарипов, 4 (1:1). Ҳусейн Расулов, 8 (2:1). Идрис Ёров, 13 (2:2). Муҳаммад Раҷабов, 25 (2:3). Насим Шарипов, 34 (2:4).

Беҳтарин бозигари дидор: Муҳаммад Раҷабов («Соро компания»).

6-уми сентябр. Истаравшан. Маҷмааи варзишии «Далерон».

8-уми сентябр (сешанбе)

16:00 – «Сипар» – «Равшан». Хуҷанд, маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Сипар» (Хуҷанд)

9

8

1

0

68-22

25

2

«Соро компания» (Душанбе)

10

8

1

1

82-17

25

3

«Муҳоҷир» (Душанбе)

10

5

0

5

57-51

15

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

10

4

0

6

66-72

12

5

«Равшан» (Кӯлоб)

9

2

0

7

42-79

6

6

«Самандар» (Турсунзода)

10

1

0

9

37-111

3

Нишонзанҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов («Истаравшан») – 21 тӯб, Самандар Ризомов («Муҳоҷир») – 20 тӯб, Иқбол Воситзода («Сипар») – 14 тӯб, Фаридун Расулов («Истаравшан»), Собирҷон Гулаков («Сипар») –13-тӯбӣ, Некрӯз Алимаҳмадов, Муҳаммад Раҷабов (ҳарду аз «Соро компания») – 11 тӯб.

В 1/4 финал

«Муҳоҷир» – «Самандар»

«Истаравшан» – «Равшан»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG