Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар бозии дувуми байналмилалии дӯстона мунтахаби ҷавонони Узбекистон (U-19)-ро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Ин бозӣ бегоҳи якшанбе, 6-уми сентябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, бе ҳузури тамошогарон доир гардид.
Дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон голҳоро Абдулмуъмин Забиров (аз пеналтӣ), Салам Ашӯрмамадов, Рустам Соиров ва Суннатулло Исмоилов заданд. Голи меҳмононро Улуғбек Ҳошимов ба самар расонд.
Бозигарони дастаи «Локомотив-Помир» – дарвозабон Шоҳрух Қирғизбоев ва ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров - ба мунтахаби ҷавонони кишвар баъди бозии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Узбекистон, ки 3-юми сентябр дар варзишгоҳи “Локомотив”-и Тошканд, баргузор шуд, пайвастанд.
Бозии дӯстона
Тоҷикистон (U-19) – Узбекистон (U-19) – 4:1
Голҳо: Абдулмуъмин Забиров, 34 – аз пеналтӣ (1:0). Салам Ашӯрмамадов, 40 (2:0). Рустам Соиров, 83 (3:0). Улуғбек Ҳошимов, 87 (3:1). Суннатулло Исмоилов, 90+2 (4:1).
Тоҷикистон (U-19): Муҳриддин Ҳасанов (Шоҳрух Қирғизбоев, 46), Исроил Холов (Ҷонибек Шарипов, 60), Алиҷон Кароматуллозода (Маҳмуд Пиров, 46), Манучеҳр Сафаров, Муҳаммад Саломзода, Абдулмуъмин Забиров (Парвиз Ҳоҷиев, 85), Нидоёр Забиров (Эмомалӣ Аҳмадхон, 69), Рустам Соиров (Суннатулло Исмоилов, 85), Ислом Зоиров (Азизбек Ҳасанов, 60), Шуҳрат Элмуродов (Шарифбек Раҳматов, 46), Салам Ашӯрмамадов (Озодбек Панҷиев, 46).
Узбекистон (U-19): Иззатилло Турсунов, Шоҳҷаҳон Султонмуродов, Мурод Хуҷамбердиев, Муҳаммадқодир Раҳимберганов (Руслан Розиев, 46, Улуғбек Ҳошимов, 80), Бектемир Абдуманнонов (Саидазамат Мирсаидов, 46), Бекзод Шамсиев, Ҳумоюн Шербутаев (Иброҳим Иброҳимов, 46), Асадбек Азимҷонов (Отабек Ҷӯрақузиев, 46), Музаффар Олимҷонов (Ҳусайн Норчаев, 54), Ҷалолиддин Содиқов (Абубакр Ризо Турдиалиев, 80), Улуғбек Оқназаров (Абдурауф Буриев, 46).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).
6-уми сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар бозии аввали дӯстона, ки 3-юми сентябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд , бе ҳузури тамошогарон доир гардид, аз мунтахаби ҷавонони Узбекистон (U-19) бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд. Улуғбек Ҳошимов тӯбро дар дақиқаи 53-юм ба дарвозаи мизбонон ворид кард.
Бозиҳои байналмилалии дӯстонаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Узбекистон дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки то 8-уми сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд идома хоҳад кард, баргузор шуданд.
Мубин Эргашев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ба ҷамъомад 25 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола, ки соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Малайзия, Яман ва Қатар рақобат хоҳад кард.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Самандар Каримов («Локомотив-Помир»);
Ҳимоятгарон: Алиҷон Кароматуллозода (ССКА), Манучеҳр Сафаров, Шоҳрух Сангов, Муҳаммад Саломзода, Исроил Холов, Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарипов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Салам Ашӯрмамадов («Истаравшан»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Ҳамадонӣ Камолов («Истиқлол»), Шарифбек Раҳматов, Шуҳрат Элмуродов, Нидоёр Забиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Исмоилҷон Алимардонов, Озодбек Панҷиев (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Умедҷон Холиқов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарсе аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!