Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Сипар” ғолиби қисми аввали мусобиқаи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон шуд


Акс аз як бозии дастаи футболи "Сипар" аз соли 2018

Дастаи "Сипар"-и Хуҷанд, ки дар майдони худ бар "Муҳоҷир"-и Душанбе бо ҳисоби 7:3 пирӯз шуд, як давр пеш аз анҷоми марҳилаи дувуми мусобиқа ғолиби қисми аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон шуд. Хуҷандиҳо дар нӯҳ бозӣ 25 имтиёз ба даст оварданд.

Ба ғайр аз "Сипар" дастаи "Соро компания"-и Душанбе, ки рӯзи 3-юми сентябр дар даври нӯҳум дар майдони худ "Самандар"-и Турсунзодаро бо ҳисоби 15:1 шикаст дод, ба нимфинали мусобиқаи қаҳрамонии кишвар роҳ пайдо кард. Душанбегиҳо бо 22 имтиёз дар зинаи дувуми ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

Дар бозии дигар "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан дар меҳмонӣ "Равшан"-и Кӯлобро бо ҳисоби 11:7 мағлуб кард.

Дар даври даҳум, ки даври хотимавист, рӯзи якшанбе, 6-уми сентябр, се бозӣ миёни дастаҳои "Сипар" – "Равшан", "Муҳоҷир" – "Самандар" ва "Истаравшан" – "Соро компания" баргузор мешавад.

Ҳамин тариқ, бар асоси низомномаи мусобиқа аз рӯи натиҷагирии марҳилаи аввал ду даста ба нимфинал роҳ ёфт. Дастаҳое, ки ҷойҳои 3-6-умро соҳиб мешаванд, дар даври изофаи плей-офф барои муайян кардани боз ду дастаи ширкаткунандаи даври ниманиҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон мубориза мебаранд.

Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар финал бозӣ мекунанд, дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард. Финал ва бозӣ барои ҷоизаи биринҷӣ аз бозиҳои то се пирӯзӣ иборат аст.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 9-ум

"Сипар" – "Муҳоҷир"– 7:3

Голҳо: Дилшод Саломов, 1 (1:0). Парвиз Раҳматов, 4 (2:0). Самандар Ризомов, 10 – ба дарвозаи худ (3:0). Собирҷон Гулаков, 11 (4:0). Илёс Чотбоев, 14 (5:0). Хайём Дарвешов, 22 (5:1). Некрӯз Идиев, 23 (5:2). Ҷони Ҷгеренаия, 24 – ба дарвозаи худ (5:3). Иқбол Воситзода, 31 (6:3). Абдусамад Раҳмонов, 40 (7:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Иқбол Воситзода («Сипар»).

"Соро компания" – "Самандар" – 15:1

Голҳо: Идрис Ёров, 3 (1:0). Комрон Алиев, 3 (2:0). Вахтанг Кекелия, 6 (3:0). Некрӯз Алимаҳмадов, 7 (4:0). Некрӯз Алимаҳмадов, 7 (5:0). Рустам Ҳамидов, 8 (6:0). Муҳаммад Раҷабов, 8 (7:0). Ориф Меликов, 19 (7:1). Некрӯз Алимаҳмадов, 26 (8:1). Вахтанг Кекелия, 29 (9:1). Рустам Ҳамидов, 29 (10:1). Муҳаммад Раҷабов, 30 (11:1). Вахтанг Кекелия, 31 (12:1). Некрӯз Алимаҳмадов, 35 (13:1). Некрӯз Алимаҳмадов, 38 (14:1). Рустам Ҳамидов, 39 (15:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Некрӯз Алимаҳмадов («Соро компания»).

"Равшан" – "Истаравшан" – 7:11

Голҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов, 1 (0:1). Идимад Авзалов, 3 (1:1). Шаҳзод Бобоҷонов, 8 (1:2). Холид Сабуров, 8 (1:3). Иброҳим Мирзоев, 10 (2:3). Шаҳбоз Бобоҷонов, 11 (2:4). Идимад Авзалов, 12 (3:4). Бобоҷон Шокиров, 14 (4:4). Шаҳбоз Бобоҷонов, 24 (4:5). Қадам Абилов, 24 (5:5). Хусрав Қаюмов, 25 (5:6). Холид Сабуров, 26 (5:7). Хусрав Қаюмов, 28 (5:8). Қадам Абилов, 32 (6:8). Шаҳбоз Бобоҷонов, 33 (6:9). Ҳусейн Расулов, 35 (6:10). Ҳотамшоҳ Раҳмонов, 36 (7:10). Шаҳбоз Бобоҷонов, 39 (7:11).

Беҳтарин бозигари дидор: Шаҳбоз Бобоҷонов («Истаравшан»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

"Сипар" (Хуҷанд)

9

8

1

0

68-22

25

2

"Соро компания" (Душанбе)

9

7

1

1

78-15

22

3

"Муҳоҷир" (Душанбе)

9

4

0

5

46-50

12

4

"Истаравшан" (Истаравшан)

9

4

0

5

64-68

12

5

"Равшан" (Кӯлоб)

9

2

0

7

42-79

6

6

"Самандар" (Турсунзода)

9

1

0

8

36-100

3

Нишонзанҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов ("Истаравшан") – 20 тӯб, Самандар Ризомов ("Муҳоҷир") – 15 тӯб, Иқбол Воситзода ("Сипар") – 14 тӯб, Фаридун Расулов ("Истаравшан"), Собирҷон Гулаков ("Сипар") – 13-тӯбӣ, Некрӯз Алимаҳмадов ("Соро компания") – 12 тӯб, Муҳаммад Раҷабов ("Соро компания") – 11 тӯб.

Даври 10-ум

6-уми сентябр (якшанбе)

"Сипар" – "Равшан"

"Муҳоҷир" – "Самандар"

"Истаравшан" – "Соро компания"

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG