Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар бозии байналмилалии дӯстона аз мунтахаби ҷавонони Узбекистон (U-19) бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Ин бозӣ бегоҳи панҷшанбеи 3-юми сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бе ҳузури тамошогарон доир гардид.
Ҳарчанд дар нимаи аввали бозӣ футболбозони ҳарду даста барои голзанӣ имкониятҳои хуб доштанд, вале муваффақ нагаштанд. Дар ибтидои нимаи дувуми дидор яке аз ҳуҷумҳои меҳмонон бо гол анҷомид. Улуғбек Ҳошимов тӯбро аз ҷаримагоҳи мизбонон бо зарбаи сар ба дарвозаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ворид намуда, дар дақиқаи 53-юм ҳисобро боз кард – 0:1. Ин ҳисоб то охири дидор тағйир наёфт.
Бозии дӯстона
Тоҷикистон (U-19) – Узбекистон (U-19) – 0:1
Гол: Улуғбек Ҳошимов, 53.
Тоҷикистон (U-19): Муҳриддин Ҳасанов, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов, Шоҳрух Сангов (Суннатулло Исмоилов, 85), Алиҷон Кароматуллозода, Шарифбек Раҳматов (Нидоёр Забиров, 58), Абдулмуъмин Забиров (Шуҳрат Элмуродов, 71), Эмомалӣ Аҳмадхон (Муҳаммад Саломзода, 58), Озодбек Панҷиев, Рустам Соиров, Ислом Зоиров (Исмоилҷон Алимардонов, 71, Парвиз Ҳоҷиев, 85).
Узбекистон (U-19): Шукрон Юлдошев, Саидазамат Мирсаидов, Одилбек Абдумаҷидов, Абубакр Ризо Турдиалиев, Улуғбек Ҳошимов, Даврон Анваров (Улуғбек Оқназаров, 61), Отабек Ҷурақузиев (Муродбек Хуҷамбердиев, 46), Элдор Бегимов (Беҳзод Шамсиев, 85), Руслан Розиев (Муҳамадқодир Раҳимберганов, 75), Ҳусайн Норчаев (Музаффар Олимҷонов, 61), Абдурауф Буриев (Ҳумоюн Шербутаев, 75).
Огоҳӣ: Муҳаммад Саломзода, Шоҳрух Сангов (Тоҷикистон), Улуғбек Ҳошимов, Муродбек Хуҷамбердиев, Одилбек Абдумаҷидов (Узбекистон).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Тоҷикистон).
3-юми сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.
Бозии байналмилалии дӯстонаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Узбекистон дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд то 8-уми сентябр идома хоҳад кард, баргузор шуд.
Бозии дувуми байналмилалии дӯстонаи футболбозони ҷавони тоҷику узбек 6-уми сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад.
Мубин Эргашев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ба ҷамъомад 23 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст.
Бозигарони дастаи «Локомотив-Помир» – дарвозабон Шоҳрух Қирғизбоев ва ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров - ба мунтахаби ҷавонони кишвар баъди бозии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Узбекистон, ки 3-юми сентябр дар варзишгоҳи “Локомотив”-и Тошканд баргузор шуд, мепайванданд.
Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола, ки соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Малайзия, Яман ва Қатар рақобат хоҳад кард.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Самандар Каримов («Локомотив-Помир»);
Ҳимоятгарон: Алиҷон Кароматуллозода (ССКА), Шоҳрух Сангов, Муҳаммад Саломзода, Исроил Холов, Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарипов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Салам Ашӯрмамадов («Истаравшан»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Ҳамадонӣ Камолов («Истиқлол»), Шарифбек Раҳматов, Шуҳрат Элмуродов, Нидоёр Забиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Исмоилҷон Алимардонов, Озодбек Панҷиев (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Умедҷон Холиқов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарсе аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Салом. Бародарони тоҷик шумо фақат бо забони русси ин калимаро дар (гугл ё яндекс) КАРТА ПЕРСИДСКОЕ ЦАРСТВО сирт (поик) кунед мебинед, ҳақиқати заминро, ки аз хитой ҳаст ё форсҳо.
Маълум мешавад ки ин давлат не дар дорад не дарвоза бо сархадбонаш. Чи хел мешавад ки шахси ки нисбаташ додгох хукм баровардааст ґайб мезанад , ин нозири минтакавии ки додрас зиндаги мекард чи кор мекунад ки гумонбар ґайб задааст.?
офарин сад офарин хеч гох нагузоред мардум ки ин кавми аъчучу маъчуч сарзамини азизи моро ки аз тули касрхо аз ачдодонамон мондааст гасб кунанд!бо хам биеед!махалгарои накунед!мо дируза чанги бародаркуширо набояд такрор кунем ки 200хазор нафар мардуми Ватанамон фавтиданд !афсус афсус!точикистон ба пеш!
Чи гунае агар таьрихро таьрихнигорон тоб диханд Осие миена ва худуди Точикистони имруза ва шарки он ва Афгонистону Покистону Хиндустони шимоли асло худиди Чинихо набуданд ва Чинихо танхо рохи тичоратро пеш гирифта буданду аз лашкаркаши метарсиданд ба ин худудхои ва пеш аз ислом низ асло фикри Осиеи Миенаиро намекардан ва аз Сосониену Кушониен метарсиданд ва агар дар Шарки дур ва Аврупо гуломхо сиехтан буданд пас дар Худуди Сосониену Хакони Турк аслан гулому канизакхои Форсу Эрони ва Турку Сосониву Кушони чини табор буданд зеро занхои Чинихо Аслан зебошакл ва модел буданд ба кавли имруза, ки хар як хонадону точику турку форс як тои канизи чини доштанд ва хатто арабхо ончунон мафтуни сохиб шудани гелмон (чинси наринаи чиние, ки аз мардинаги ба хотири гуломи даст кашида буданд)ва канизи чини буданд, ки ба хотири ин ва танхо ин, ба мулки Сосони хучум карданд танхо бо хотири ба даст овврдани гулому канизи чини ... Ва он нафарони беномусе, ки модаронни худро раккосаи чини меноманд бояд инро донанд... Ва аз ин сабаб пеш аз ислом Империяи Тани Сугди шакле, ки аслан аз сарчашмаашон мардони Форсу Турк буданд ташкил ефт ва ба хотири ирси хешу табори, ва тичорати гуломфурушии чини ба гарбу шарки дур рохи Осиеи Миенаро пеш гирифтанд на ба хотири ба даст овардани ин худудхо Ин матолиб аслан матолиби тахкири нест ва хадаф танхо нишон додани таьрихи ин минтакааст ва умед аз РО он аст ки инро чоп кунанду фаромушгарони таьрихи худ аккалан андакхам бошад бубинад ва ягон мазмуни сиеси ин матолиб надорад... Ва дар гузаштаву хозираву оянда мо сохибони гарби Чину Осиеи Миена ва Шарки дур хастем на ачнабиен хатто арабхову хиндухо хуни Форсу Точики ва Сугдиву Турки доранд Чи расад ба Чини Бостониву Чини пуркувати имруза яьне фарзандони Чини фарзандони мо низ хастанд, ба мисли оне, ки Аврупои шарки Ориеи начоданд чинихо низ Ориеи ва куриеи хастанд...
бисер мавзуи мухимро устод думболагири кардед ,мавзуи руз ,мавзуи гуфтани то хамаги бидонанд ки точикхо миллати аслии ин макону манзил,хитои агар таммадун мебуд хеч вакт мору каждум намехурд