Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати "Зебонисо" ва “Хатлон” барои унвони қаҳрамони футболи  Тоҷикистон


Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона.
Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона.

Бозиҳои даври шонздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки 2-юми сентябр баргузор шуданд, бо пирӯзии пешсафони ҷадвал хотима ёфтанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Хатлон» -и Бохтар дар майдони худ «Бешкент»-и Носири Хусравро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. «Зебонисо»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ - бо ҳисоби 12:0 ғолиб омад. «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ дар майдони худ “Барқ”-и Норакро бо ҳисоби 8:0 мағлуб кард.

Дар ду бозии дигари даври гузашта “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар меҳмонӣ бар “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 10:0 ва “Равшан”-и Кӯлоб дар сафар бар “Чашма”-и Шаҳритус бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд.

Баъди натиҷагирии даври 16-ум дар ҷадвали мусобиқа “Хатлон”, ки 44 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи аввал мебошад. Зимнан, “Хатлон” ягона дастаест, ки бохт надорад. “Зебонисо” бо 43 имтиёз дар зинаи дувум ва “Зебо” бо 39 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин Лайло Ҳалимова («Хатлон»), ки ба дарвозаи ҳарифонаш 72 тӯб задааст, дар ҷойи аввал мебошад.

То анҷоми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона ду даври дигар мондааст. Ҳарсе дастаи пешсаф муборизаро барои медалҳо идома медиҳад.

Бозиҳои даври пешазохирин - ҳабдаҳуми мусобиқа рӯзи якшанбе, 6-уми сентябр, баргузор мешаванд. Эҳтимолан, ғолиби мусобиқа дар бозии даври охирин дар Бохтар миёни дастаҳои «Хатлон» ва “Зебонисо” маълум хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона. Даври 16-ум

«Хатлон» – «Бешкент» – 4:0

«Зебонисо» – «Панҷшер» – 12:0

«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ» – 0:10

«Чашма» – «Равшан» – 0:3

«Зебо» – «Барқ» – 8:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

16

14

2

0

123-5

44

2

«Зебонисо» (Душанбе)

16

14

1

1

166-3

43

3

«Зебо» (Дӯстӣ)

16

12

3

1

117-10

39

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

15

9

1

5

69-18

28

5

«Бешкент» (Носири Хусрав)

16

8

2

6

61-25

26

6

«Равшан» (Кӯлоб)

16

4

0

12

8-76

12

7

«Барқ» (Норак)

16

3

2

11

7-96

11

8

«Ҳосилот» (Фархор)

16

3

2

11

8-110

11

9

«Чашма» (Шаҳритус)

16

3

0

13

10-135

9

10

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

15

1

3

11

15-112

6

Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 72 тӯб, Мадина Фозилова («Зебо»/«Зебонисо») – 58 тӯб, Рафина Нормуродова («Бешкент») – 44 тӯб, Шукронаи Ҷумъахон («Зебо»/«Зебонисо») – 32 тӯб, Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 30 тӯб, Некӯбахт Худододова («Зебонисо») – 23 тӯб.

Даври 17-ум

6 сентябр (якшанбе)

«Барқ» – «Хатлон»

«Равшан» – «Зебо»

«Регар-ТадАЗ» – «Чашма»

«Панҷшер» – «Ҳосилот»

«Бешкент» – «Зебонисо»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG