Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматулло Зоиров гуфт, ки чаро интихобот аз назари ӯ "ғайриқонунист". ВИДЕО


Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, сабаби таҳрим ё бойкоти интихоботи президентӣ "нишонаи нотавонии ӯ ва ҳамҳизбонаш нест". Раҳматулло Зоиров рӯзи 2-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чун дар ин маъракаи сиёсӣ рақобатро надиданд, аз иштирок даст кашиданд. Масъулони Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон мегӯянд, таҳрими интихобот аз сӯйи Ҳизби сотсиал-демократ "тасмими онҳост". Дар суҳбат бо Раҳматулло Зоиров пурсидем, ки иқдоми баъдиаш чӣ хоҳад буд?

Раҳматулло Зоиров: "Дар ҳақиқат, Шӯрои сиёсии ҳизб қарор қабул кард, ки интихоботро таҳрим мекунем. Чанд сабаб вуҷуд дорад. Якум, таъини санаи интихобот на дар рӯзи 6-уми ноябр, балки рӯзи 11-уми октябр бар хилофи Конститутсия аст. Аз ин рӯ, интихобот ғайриқонунӣ, зиддиконститутсионӣ ва зиддимардумӣ аст. Дуюм, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳақ надорад, раиси ҳизб бошад. Агар шахс дар гузашта узви ҳизб бошад ва баъдан президент интихоб шудааст, бояд фаъолияти худро дар ҳизби сиёсӣ боздорад. Сеюм, дар қонунҳои Тоҷикистон навишта шудааст, ки ҳеч корманди адлия, ВКД, амният ё шӯрои адлия узви ҳизб шуда наметавонад. Ҳоло президенти феълӣ сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст. Ин ба моддаи 17-и Конситутсия дар бораи баробарии ҳама шаҳрвандон мухолиф аст. Чорум, бар асоси қонун намояндагони аҳзоби сиёсӣ ҳақ надоранд, ба комиссияҳои марказиву маҳаллии интихобот шомил шаванд, вале онҳо аз ҳисоби намояндагони ҳукумати иҷроия ва Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ташкил карда мешаванд. Ҳоло комиссияҳои марказии интихоботӣ “монополия” шудааст. Маълум аст, ки аз 31 ҳазор узви комиссияҳои марказиву маҳаллии интихоботӣ бештар аз 25 ҳазорашон аъзои ҲХДТ ҳастанд. Дар ҳамин асос, мо ба як давлати ғайридемократӣ алакай қадам гузоштем."

Радиои Озодӣ: Аммо баъзеҳо тахмин мезананд, ки Шумо тавони ҷамъоварии 250 ҳазор имзои заруриро надоштед ва имкони молии ҳизб барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ кофӣ набуд...

Раҳматулло Зоиров: "Мо имзо ҷамъ карда, дар интихобот ширкат ҳам кунем, агар хоҳанд 5 дарсади овозҳоро медиҳанд, нахоҳанд 0,5 дарсад медиҳанд. Чунки тамоми комиссияҳои интихоботӣ дар дасти як ҳизби сиёсӣ аст. Вақте ҷамъоварии имзо, тартиб додани санаду варақаҳои ҷамъоварии имзо ба ҳукумати иҷроия вобаста аст, хоҳед нахоҳед, ба ҳокимияти иҷроия вобаста мешавад. Вақте имзоро ҷамъ кардем, дар интихобот ширкат кардем, агар комиссияи интихоботӣ дар дасти як субъект бошад, иштирок дар ин маърака маъно надорад."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон сабаби худдорӣ аз аз ширкат дар интихоботро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00

Радиои Озодӣ: Садҳо нафар, аз ҷумла тарафдорони ҳизби Шумо мехоҳанд, ки дар интихобот ширкат кунед, чаро ин дархостҳоро нодида гирифтед?

Раҳматулло Зоиров: "Пеш аз он ки дар Шӯрои сиёсӣ чунин тасмим гирифта шавад ба ду вилоят ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ сафар кардам. Бо намояндагони 15 созмони ибтидоии ҲСДТ мулоқот доштам. Баъд ба ин хулоса расидам, ки ширкат дар интихобот ягон мантиқ надорад. Дар Шӯрои сиёсӣ ҳам инро матраҳ кардем. Онҳое ҳам буданд, ки гуфтанд, мехоҳанд, ҳизб номзад пешбарӣ карда, дар интихобот ширкат кунад. Лекин хулосаи ягона ин шуд, ки ширкат намекунем. Дар комиссияҳои интихобот ягон узви ҲСДТ нест. Мо агар 10 ҳазор нозирро пешниҳод ҳам кунем, дар қонун навишта шудааст, ки ягон нозир ҳаққи дахолат ба фаъолияти комиссия ё нуқтаҳои овоздиҳиро надорад."

Радиои Озодӣ: Ин нуқтаи назар ҳам ҳаст, ки беҳтар набуд, бо иштирок дар интихобот идея ва барномаҳои худу ҳизбатонро таблиғ кунед?

Раҳматулло Зоиров: "Ин чизҳоро дар интихоботи порлумонии имсол ба назар гирифтем ва иҷро кардем. Мо дар интихоботи порлумонӣ ширкат кардем, ҳарчанд аксарият зид буданд ва гуфта буданд, биёед, интихоботро таҳрим мекунем. Аммо ман истодагарӣ карда, гуфтам, ки ширкат мекунем ва барномаҳоро барои мардум мефаҳмонем, чун ин чиз барои мо муҳим аст. Фикр мекунам, тарафдорони ҳизби мо аз интихоботи порлумонии соли 2020 новобаста аз натиҷааш розӣ ҳастанд, зеро тавонистем, ҳизбро муаррифӣ кунем. Мардум моро хуш қабул карданду гусел карданд. Ҳоло фикр мекунам, дар интихоботи президентӣ имконро надорем."

Радиои Озодӣ: Чаро? Кадом имкониятҳоро дар назар доред, метавонед мушахассан бигӯед?

Раҳматулло Зоиров: "Дар интихоботи президентӣ маҳдудият зиёд аст, ҳатто ширкат кардан номумкин мешавад. Ҳатто сенарияи интихобот маълум аст, ки кадом номзадҳо ширкат мекунанд. Оддӣ карда бигӯем, ин интихоботи формалӣ аст, ки дар он рақобат вуҷуд надорад."

Радиои Озодӣ: Рақобат гуфтед, ба назаратон сабаб нотавонии Шумо ва ҳизбатон дар интихобот нест? Ва ҳамин ширкат накардани Шумо боис ба коста шудани обрӯи ҳизбатон намешавад?

Раҳматулло Зоиров: "Чунин фикр намекунам. Дар асоси таҳрим ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мардум шумораи аъзои мо зиёдтар мегардад. Ҳангоми вохӯрӣ бо сокинон дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо ман бо чашми худ дидам, ки тарафдорони мо зиёд ҳастанд. Лекин як чизи дигарро таъкид карданӣ ҳастам, ки сиёсати кадрии ҳизбии мо заиф аст. Бояд мо дар асоси ҳамин таҳрим сиёсати кадрии ҳизбро беҳтар кунем."

Радиои Озодӣ: Ҳоло чанд ҳизби сиёсӣ барои ширкат дар интихобот номзади худро пешбарӣ карданд. Тахмини Шумо чӣ гуна аст, оё имкони пирӯз шудани кадоме аз ин номзадҳо вуҷуд дорад?

Раҳматулло Зоиров: "Ягон ҳизби сиёсӣ ҳеч имзо ҷамъ намекунад, имзоҳо аз сӯи ҳокимияти иҷроия ҷамъоварӣ мешавад. Имзо дар варақаҳое, ки дар болояш чизе навишта нашудааст. Натиҷаҳои интихобот низ ҳамин тавр мешавад. Ба фикри ман, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар боло ва Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиалистӣ дар поён қарор мегиранд, ин аллакай маълум аст."

Радиои Озодӣ: Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ гуфтем. Метавонед, бигӯед, ки ширкат надоштани ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба интихоботи президентии 2020 чӣ таъсир дорад?

Раҳматулло Зоиров: "Дар асоси ҷиноятҳои як, ду ё даҳ нафар набояд фаъолияти як ҳизбро маҳдуд ё мамнуъ кард. Ман тарафдори он ҳастам, ки ҳар нафари ҷинояткор бояд дар алоҳидагӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад, вале ба ин ақида ҳастам, ки агар одамон гунаҳкор буданд, бояд онҳоро инфиродӣ ҷазо дод. Дуюм ин ки ин ҳизб пурқувват буд. Ворид шудани ман ба эътилоф дар соли 2013 ҳам барои он буд, ки ба воситаи ин ҳизб оммавӣ будани худро нишон медодем."

Радиои Озодӣ: Дар интихоботи 2013 бо чӣ сабаб номзади ягонаи мухолифон интихоб накарданд?

Раҳматулло Зоиров: "Ин сабабҳои гуногун дорад, ҳам субъективӣ ва объективӣ. Мушкили аслӣ дар он буд, ки аз ширкати ман дар интихобот тарс ба миён омад. Мухолифин тарсиданд, ки агар Зоиров ҳамчун номзади ягона ширкат кунад, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ мешавад. Ман агар дар он интихобот ширкат мекардам, то охир мерафтам. Ман ҳамеша як гап мегӯям, фарқ надорад, ҳар касе номзад мешавад, бояд то охир дар ин маърака ширкат кунад."

Радиои Озодӣ: Эълон кардед, ки дар интихобот ширкат намекунед, пас, бо ҳамин аз ин корзори сиёсӣ берун мешавед ё нақшаҳои дигар ҳам доред?

Раҳматулло Зоиров: "Дурусттар бигӯям, нақшаҳои дигар дорам. Ман бояд мавзӯи ба истеъфо рафтани раҳбари ҲСДТ-ро бояд дар Шӯрои сиёсии ҳизб матраҳ кунам. Албатта, инро вакилони анҷуман ҳал мекунанд. Баъд аз канор рафтан аз раҳбарии ҳизб, шояд бештар ба корҳои илмиву педагогии худ идома медиҳам. Нафақа ҳам наздик аст. Боғпарвариро дӯст медорам ва барои ман мансаб аз деҳқонӣ ва боғпарварӣ боло нест."

Радиои Озодӣ: Агар президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мақоме дар ҳукумат даъват кунад, хоҳед рафт?

Раҳматулло Зоиров: "Бисёр аҷиб аст. Агар барои ман вазифа даркор мешуд, ман ҲСДТ-ро ташкил намекардам ва роҳбари як ҳизби мухолиф намешудам. Барои ман вазифа лозим нест, барои мо муҳим ин аст, ки равияҳои сиёсиро дар Тоҷикистон ба роҳ монем, қонунмандӣ таъмин гардад, иродаи мардум шикаста нашавад ва мардумсолорӣ дар воқеъ амалӣ гардад. Чаро ман ин интихоботро ғайриқонунӣ эълон кардам? Барои он нест, ки ба ман чизе пешниҳод мекунанд, ё не."

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG