Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Узбекистон ба бозии дӯстона, ки 3-юми сентябр дар Тошканд баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии кишвар, ки бегоҳи сешанбеи 1-уми сентябр ба Тошканд расид, дар майдони Академияи «Бунёдкор» тамрин кард.
Дар Тошканд ҳимоятгари “Бунёдкор” Давронҷон Эргашев ба мунтахаби миллии Тоҷикистон пайваст. Ҳамин тариқ, ҳайати мунтахаби Тоҷикистон пурра шуд ва имрӯз, 2-юми сентябр, бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев тамрини пешазбозиро баргузор мекунад.
Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Тоҷикистон 3-юми сентябр дар варзишгоҳи «Локомотив»и Тошканд соати 19:00 шуруъ мешавад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо мунтахаби Узбекистон:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ханонов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев.
Ҳамзамон мунтахаби миллии Узбекистон дар Тошканд ба бозии дӯстона муқобили тими миллии Тоҷикистон омодагӣ мебинад. Сармураббии даста Вадим Абрамов ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ 26 бозигарро даъват кардааст. Вале ба ин ҷамъомад футболбозоне, ки дар бошгоҳҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, даъват нашудаанд, зеро ки Федератсияи байналмилалии футбол ба далели мушкилоти парвозҳо дар шароити пандемияи коронавирус ва дигар маҳдудиятҳо рӯзҳои ФИФА-ро аз сентябр ба муҳлати дертар гузаронд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Узбекистон дар бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Элдор Суюнов (“Пахтакор”), Абдувоҳид Неъматов (“Насаф”), Ботиралӣ Эргашев (“Қуқанд-1912”);
Ҳимоятгарон: Ҳусниддин Алиқулов («Насаф»), Анзур Исмоилов (“Пахтакор”), Санҷар Қодирқулов (“Бунёдкор”), Игор Голбан (“Навбаҳор”), Исломиддин Қобилов (“Бунёдкор”), Иброҳимхалил Юлдошев (“Бунёдкор”), Ҳоҷиакбар Алиҷонов (“Пахтакор”), Мурод Холмуҳаммадов (“Қуқанд-1912);
Нимҳимоятгарон: Нурилло Тухтасинов («Бунёдкор»), Лутфулло Тураев («Бунёдкор”), Аброрбек Исмоилов (“Пахтакор”), Азиз Турғунбоев (“Навбаҳор”), Фаррух Икромов (“Бунёдкор”), Ҳоҷимат Эркинов (АГМК), Искандар Шойқулов (“Суғдиён”), Ойбек Бозоров (“Насаф”), Акмал Мозговой (“Насаф”), Қувондиқ Рӯзиев (Қуқанд-1912”), Суҳроб Бердиев (Қуқанд-1912”), Ҳусниддин Гафуров (“Сурхон”);
Ҳамлагарон: Бобур Абдухолиқов (“Насаф”), Шаҳзодбек Убайдуллоев (“Металлург”), Темурхуҷа Абдухолиқов (“Локомотив”).
Сармураббӣ – Вадим Абрамов.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!