Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2018 ба "Навбаҳор"-и Намангон гузашт


Эҳсони Панҷшанбе, футболбози шинохтаи тоҷик.
Эҳсони Панҷшанбе, футболбози шинохтаи тоҷик.

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» -и Душанбе Эҳсони Панчшанбе бо бошгоҳи футболи «Навбаҳор» -и Намангони Узбекистон шартнома ба имзо расонд. Дар ин бора дафтари матбуоти бошгоҳи футболи "Истиқлол" хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, "Навбаҳор" ба "Истиқлол" пешниҳоди расмӣ кард. Қаҳрамони Тоҷикистон ин пешниҳодро омӯхт ва барои ба бошгоҳи нав гузаштани футболбози худ розигӣ дод

Эҳсони Панҷшанбе бо бошгоҳи “Навбаҳор” то охири соли 2022 шартнома бастааст. Футболбоз пас аз бозии дӯстонаи тимҳои миллии Узбекистон ва Тоҷикистон, ки 3-юми сентябр баргузор мешавад, ба бошгоҳи нав мепайвандад.

"Нимҳимоятгари марказӣ Эҳсони Панҷшанбе, ки бо" Навбаҳор"-и Намангон шартнома ба имзо расонд, аз рӯи маълумоти ширкати букмекерии байналмилалии «Parimatch» ҳамчун беҳтарин бозигари даври сездаҳуми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шинохта шуд”, - навиштааст сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Эҳсони Панҷшанбе, ки соли таваллудаш 1999 мебошад, чор маротиба қаҳрамони Тоҷикистон гардида, се бор Ҷоми миллӣ ва ду бор Суперҷоми кишварро ба даст овардааст. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ӯ 19 бозӣ кардааст. Соли 2018 вай ҳамчун "Беҳтарин бозигар" -и қаҳрамонии Тоҷикистон эътироф шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG