Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хатлон” пешсафи Лигаи занонаи футболи Тоҷикистон аст


Натоиҷи бозиҳои даври понздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки 30-юми август баргузор шуд, мавқеи дастаҳои пешсафро дар ҷадвал тағйир надод.

Ба иттилои Лигаи занонаи футболи Тоҷикистон, бозии марказии даври понздаҳум миёни дастаҳои «Хатлон» -и Бохтар ва «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. «Зебонисо»-и Душанбе дар меҳмонӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод.

Дар ду бозии дигари даври гузашта “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби 2:1 ва “Чашма”-и Шаҳритус дар меҳмонӣ “Барқ”-и Норакро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.

Бозии даври понздаҳум миёни дастаҳои «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва «Бешкент»-и Носири Хусрав бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расид.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Хатлон”, ки 41 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи аввал мебошад. Зимнан, “Хатлон” ягона дастаест, ки бохт надорад.

“Зебонисо” бо 40 имтиёз дар зинаи дувум ва “Зебо” бо 36 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ҳарсе дастаи пешсаф муборизаро барои медалҳо идома медиҳанд.

Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин Лайло Ҳалимова («Хатлон»), ки ба дарвозаи ҳарифонаш 70 тӯб задааст, дар ҷойи аввал мебошад.

Бозиҳои даври шонздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона рӯзи чоршанбе, 2-юми сентябр, баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона

Даври 15-ум

«Зебо» – «Хатлон» – 0:0

«Барқ» – «Чашма» – 0:1

«Равшан» – «Ҳосилот» – 2:1

«Регар-ТадАЗ» – «Зебонисо» – 0:6

«Панҷшер» – «Бешкент» – 3:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

15

13

2

0

119-5

41

2

«Зебонисо» (Душанбе)

15

13

1

1

154-3

40

3

«Зебо» (Дӯстӣ)

15

11

3

1

109-10

36

4

«Бешкент» (Носири Хусрав)

15

8

2

5

61-21

26

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

14

8

1

5

59-18

25

6

«Барқ» (Норак)

15

3

2

10

7-88

11

7

«Ҳосилот» (Фархор)

15

3

2

10

8-100

11

8

«Равшан» (Кӯлоб)

15

3

0

12

5-76

9

9

«Чашма» (Шаҳритус)

15

3

0

12

10-132

9

10

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

14

1

3

10

15-100

6

Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 70 тӯб, Мадина Фозилова («Зебо»/«Зебонисо») – 58 тӯб, Рафина Нормуродова («Бешкент») – 44 тӯб, Шукронаи Ҷумъахон («Зебо»/«Зебонисо») – 32 тӯб, Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 28 тӯб, Некӯбахт Худододова («Зебонисо») – 22 тӯб.

Даври 16-ум

2 сентябр (чоршанбе)

«Хатлон» – «Бешкент»

«Зебонисо» – «Панҷшер»

«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ»

«Чашма» – «Равшан»

«Зебо» – «Барқ»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG