Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳоҷир", "Соро компания", "Равшан" ва "Истаравшан" дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон


Дастаҳои футзали Тоҷикистон.
Дастаҳои футзали Тоҷикистон.

Дастаҳои «Муҳоҷир» (Душанбе), «Соро компания» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Истаравшан» (Истаравшан), ки рӯзи 28-уми август дар чорякфинал пирӯз шуданд, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал роҳ пайдо карданд.

«Муҳоҷир» дар майдони худ бо «Сипар» (Хуҷанд) рақобат кард. Бозӣ хеле шавқовару пуршиддат сурат гирифт. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Дар замони изофа низ ғолиб муайян нашуд - 2:2. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ «Муҳоҷир» бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Зимнан, маҳорати баланди дарвозабони душанбегиҳо Нуриддин Ҷабборов, ки се тӯбро баргардонд, “Муҳоҷир”-ро ғолиб кард.

Дар бозиҳои дигари чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Соро компания» бар «Иттифоқ» (Душанбе) бо ҳисоби 11:2, «Истаравшан» бар «Формула-55» (Душанбе) бо ҳисоби 7:1 пирӯз шуданд.

Замони асосии бозӣ миёни «Самандар» (Турсунзода) ва «Равшан» (Кӯлоб) бо ҳисоби мусовии 6:6 хотима ёфт. Дар замони изофа меҳмонон – бозигарони Кӯлоб панҷ гол зада, бозиро бо ҳисоби 11:6 ба нафъи худ ба анҷом расонданд.

Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 9-уми сентябр доир мегардад, «Муҳоҷир» бо «Соро компания» ва «Истаравшан» бо «Равшан» рақобат хоҳанд кард.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 рӯзи 12-уми сентябр дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и Хуҷанд барпо мегардад.

Ба иттилои Лигаи футзали Тоҷикистон, ҳар як марҳилаи мусобиқаи имсола барои Ҷоми миллӣ аз як бозӣ иборат аст.

Ҷоми Тоҷикистон -2020 оид ба футзал

Чорякфинал

«Самандар» (Турсунзода) – «Равшан» (Кӯлоб) – 6:11

Голҳо: Ориф Меликов, 1 (1:0). Идимад Авзалов, 11 (1:1). Идимад Авзалов, 14 (1:2). Фирдавс Тусматов, 17 (2:2). Қадам Абилов, 18 (2:3). Ашраф Собитов, 23 (3:3). Акбар Маманазаров, 34 (4:3). Низом Махмаев, 35 (5:3). Иброҳим Мирзоев, 36 (5:4). Қадам Абилов, 37 (5:5). Ориф Меликов, 39 (6:5). Қадам Абилов, 40 (6:6). Қадам Абилов, 44 (6:7). Қадам Абилов, 45 (6:8). Қадам Абилов, 46 (6:9). Маҳмадюсуф Таибов, 47 (6:10). Қадам Абилов, 48 (6:11).

Беҳтарин бозигари дидор: Қадам Абилов («Равшан»).

28 август. Турсунзода. Маҷмааи варзишии «Самандар-XXI».

«Муҳоҷир» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд) – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

Голҳо: Бахтиёр Солиев, 19 (1:0). Баҳодур Хоҷаев, 32 (1:1). Дилшод Саломов, 44 (1:2). Бахтиёр Солиев, 50 (2:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»).

28 август. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ.

«Истаравшан» (Истаравшан) – «Формула-55» (Душанбе) – 7:1

Голҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов, 6 (1:0). Фаридун Расулов, 10 (2:0). Ҳусейн Расулов, 14 (3:0). Холид Сабуров, 20 (4:0). Парвиз Раупов, 21 (5:0). Шаҳбоз Бобоҷонов, 22 (6:0). Фаридун Расулов, 31 (7:0). Фаридун Расулов, 36 – ба дарвозаи худ (7:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Холид Сабуров («Истаравшан»).

28 август. Истаравшан. Маҷмааи варзишии «Далерон».

«Иттифоқ» (Душанбе) – «Соро компания» (Душанбе) – 2:11

Голҳо: Идрис Ёров, 3 (0:1). Комрон Алиев, 4 (0:2). Некрӯз Алимаҳмадов, 6 (0:3). Акуенте Колман, 6 (1:3). Насим Шарипов, 10 (1:4). Некрӯз Алимаҳмадов, 17 (1:5). Малхах Мурсхваладзе, 18 (1:6). Некрӯз Алимаҳмадов, 19 (1:7). Умед Қузиев, 19 (1:8). Умед Қузиев, 19 (1:9). Умед Қузиев, 23 (1:10). Рустам Ҳамидов, 36 (1:11). Наврӯз Саидов, 39 (2:11).

Беҳтарин бозигари дидор: Умед Қузиев («Соро компания»).

28 август. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ.

Нимфинал

9 сентябр (чоршанбе)

16:00 – «Истаравшан» – «Равшан». Истаравшан, маҷмааи варзишии «Далерон»

16:00 – «Муҳоҷир» – «Соро компания». Душанбе, Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG