Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузории се мусобиқаи интихобиро ба нақша гирифт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) эълон кард, ки дар ояндаи наздик ба силсила мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо бармегардад. Аз тирамоҳ шуруъ карда, се мусобиқаи сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи байналмилалии Grand Slam охири моҳи октябр дар Будапешти Маҷористон ба нақша гирифта шуд. Моҳи декабр бошад, чунин мусобиқа дар Токиои Ҷопон доир мегардад. Баъдан, моҳи январи соли 2021 ситораҳои ҷудо дар мусобиқаи “World Judo Masters” дар Давҳаи Қатар ҷамъ меоянд.

Дар ҳарсе мусобиқа варзишгарон имкон доранд имтиёзҳои олимпӣ ба даст оваранд. Ташкилотҳои қоравӣ низ ният доранд то охири сол баъзе мусобиқаҳоро баргузор кунанд.

“Масъалаи саломатии варзишгарон барои мо дар мадди аввал аст ва мо кӯшиш мекунем, ки ҳамаи чорабиниҳо бо дарназардошти омӯзиши кишвари мизбон ва ҳолати эпидемиологии ҷаҳон гузаронида шавад”, - омадааст дар изҳороти IJF.

Президенти IJF Мариус Визер гуфт, «вақти он расидааст, ки мо зина ба зина барои иҷрои вазифаҳоямон гом бардорем. Мо огоҳем, ки вазъият дар ҷаҳон гуногун аст, ҳаст минтақаҳое, ки барои баргузории мусобиқот омодаанд. Маҷористон тайёр аст, ки мусобиқаи Гранд Сламро охири моҳи октябр доир кунад. Дар робита ба ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштироккунандагон тамоми чораҳо андешида мешаванд. Варзишгарони ҳамаи кишварҳо метавонанд дар он иштирок кунанд. Мо гурӯҳи махсусро таъсис додем, ки ба чорабиниҳои дарпешистода масъуланд ва барои таъмини амнияти ширкаткунандагон кӯмак мерасонанд. Чунин шароит дар Токио низ фароҳам карда мешавад”.

Пас аз чанд моҳи маҳдудиятҳо, ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш яке аз беҳтарин чора барои оғози марҳилаи нав мебошад. Варзишгарони касбиро зарур аст, ки сабқат кунанд, ба тамрин машғул шаванд ва дар беҳтарин шакли мумкин барои расидан ба мақсади олии худ – иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио – омодагӣ бинанд.

Гуштигирони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов ва дигарон муборизаро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020, ки ба соли 2021 гузаронда шуд, идома хоҳанд дод.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG