Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Равшан” ғолиби марҳилаи якуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуд


Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб
Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар 11 бозӣ 30 имтиёз гирифт, ғолиби марҳилаи якуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид. “Равшан” дар 10 бозӣ пирӯз шуда, танҳо як бозиро бохтааст.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар 11 бозӣ 30 имтиёз гирифт, ғолиби марҳилаи якуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид. “Равшан” дар 10 бозӣ пирӯз шуда, танҳо як бозиро бохтааст.

“Равшан” дар даври ёздаҳум дар меҳмонӣ “Моҳир”-и Ёвонро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод ва мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон боз ҳам устувор кард.

“Эсхата”-и Хуҷанд бо 22 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Хуҷандиҳо ахиран бозиро бо дастаи мизбон - “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ - бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом доданд.

“Исфара”-и шаҳри Исфара, ки 18 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро касб намудааст. Исфарагиҳо дар даври ёздаҳум дар меҳмонӣ бар “Шоҳмансур”-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд.

Дар ду бозии дигари даври ёздаҳум “Барқчӣ”-и Ҳисор дар майдони худ “Равшан”-и Зафарободро бо ҳисоби 1:0 ва “Ҳосилот”-и Фархор дар меҳмонӣ “Саройкамар”-и Панҷро бо ҳисоби 3:1 шикаст доданд. Бозӣ миёни дастаҳои “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат ва “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом пазируфт.

Бозиҳои даври дувоздаҳуми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 1-2-юми сентябр баргузор мешаванд.

Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 11-ум

«Барқчӣ» – «Равшан» (Зафаробод) – 1:0

Гол: Султоншо Мирзоев, 5.

Беҳтарин бозигари дидор: Султоншо Мирзоев («Барқчӣ»).

«Ҳулбук» – «Эсхата» – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Шаҳбоз Хайруллозода («Ҳулбук»).

«Ваҳдат» – «Панҷшер» – 1:1

Голҳо: Ҳасан Холов, 45+2 (0:1). Шоҳин Ҷалилов, 58 – ба дарвозаи худ (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҳасан Холов («Панҷшер»).

«Шоҳмансур» – «Исфара» – 1:3

Голҳо: Шаҳром Назаралиев, 16 (1:0). Нодирбек Мамиров, 52 (1:1). Нодирбек Мамиров, 55 (1:2). Хусрав Бобоев, 75 (1:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Суҳробҷон Сабуров («Исфара»).

«Моҳир» – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:5

Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 18 (0:1). Ҳасан Рустамов, 27 (0:2). Баҳровар Ҳалимов, 64 (1:2). Умедҷон Бадалов, 75 (1:3). Зокир Абдулхайров, 90 (1:4). Манучеҳр Хидиров, 90+2 – ба дарвозаи худ (1:5). Шаҳбоз Сафаров, 90+4 (2:5).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҳасан Рустамов («Равшан» Кӯлоб).

«Саройкамар» – «Ҳосилот» – 1:3

Голҳо: Акмалҷон Авазов, 45+1 (1:0). Исроили Сомон, 64 (1:1). Исроили Сомон, 68 (1:2). Хайрулло Азизов, 85 (1:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Исроили Сомон («Ҳосилот»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

11

10

0

1

46-20

30

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

11

7

1

3

29-20

22

3

«Исфара» (Исфара)

11

6

0

5

20-20

18

4

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

11

5

3

3

24-14

18

5

«Ҳулбук» (Восеъ)

11

5

2

4

21-19

17

6

«Ҳосилот» (Фархор)

11

5

1

5

23-21

16

7

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

11

4

3

4

32-25

15

8

«Саройкамар» (Панҷ)

11

4

2

5

23-26

14

9

«Моҳир» (Ёвон)

11

4

2

5

25-35

14

10

«Равшан» (Зафаробод)

11

3

4

4

20-17

13

11

«Барқчӣ» (Ҳисор)

11

3

1

7

21-24

10

12

«Шоҳмансур» (Душанбе)

11

0

1

10

8-51

1

Нишонзанҳо: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 15 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 13 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 9 тӯб, Акмалҷон Авазов («Саройкамар») – 8 тӯб, Фирдавс Мусоев («Исфара»), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Самариддин Расулов («Ваҳдат») – 7-тӯбӣ.

Даври 12-ум

1 сентябр (сешанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:30

«Равшан» (Зафаробод) – «Барқчӣ»

«Равшан» (Кӯлоб) – «Моҳир»

«Панҷшер» – «Ваҳдат»

«Исфара» – «Шоҳмансур»

2 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:30

«Ҳосилот» – «Саройкамар»

«Эсхата» – «Ҳулбук»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG