Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Усмон Тошев дар Душанбе, инчунин дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ ба бозии дӯстона бо мунтахаби Узбекистон омодагӣ мебинад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мунтахаби миллии Тоҷикистон то рӯзи 31-уми август дар Душанбе мебошад ва баъдан ба Тошканд сафар хоҳад кард. Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Тоҷикистон 3-юми сентябр дар Тошканд баргузор мешавад.
Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Усмон Тошев ба ҷамъомад 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст.
Ба ҷойи ҳимоятгар Искандар Ҷалилов, ки дар бошгоҳи худ осеб дидааст, ба тими миллӣ намояндаи дигари «Истиқлол» – ҳимоятгари 20-сола Ваҳдат Ханонов даъват шуд.
Ҳимоятгари “Бунёдкор”-и Тошканд Давронҷон Эргашев, ки дар ихтиёри бошгоҳи худ мебошад, ба мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Тошканд мепайвандад.
Дарвозабони “Истиқлол”-и Душанбе Рустам Ятимов, ки дар бозии дӯстона бо мунтахаби Малайзия моҳи ноябри соли гузашта корти сурх гирифта буд, тибқи дастури FIFA дар бозӣ бо Узбекистон иштирок намекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);
Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ханонов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодӯстов (ҳарсе аз «Хуҷанд»)
Сармураббӣ – Усмон Тошев.
28 000 сомони таксими 23 мох 1217 сомониву 40 дирам мешавад. 1217 сомони маоши ду йо се мохаи муалими бечора мешавад. Мисоли одди ман хизмат намеравам бояд дар ягон муасиса кор кунам маоши ман 800 сомони бошад расходхои харрузаи ман агар як маршутка рафтуо бошад дар як мох 120 сомони обед субхона ва шабона нахурему напушем 680 сомони мемонад. Агар ман 680 сомони хар моха барои хизиат чам кунам севуним сол кор карданам даркор. Мухтарам депутатхо як бори дигар хамин масаларо дида бароед ман гами худамро намехурам ман хизмат кардаги ман гами фарзандонамро мехурам ин кадар пул надорам дар хизмат бемасулиятии калон
Вох 28000 ???
Ин хама афсона аст. Огози гасби масохати Точикистон аз тарафи киргиз аз солхои шурави сар мешавад, дар он вакт на Порсо ГАИ буду на гумрук дпр сархад! 9 млн точик дузону занед хам киргиз то муковимати шадид набинад пас намегардад аз максадхои нопокаш. Кани кадом шартномаро киргиз ичро карда истодааст? Казияи Абдуфатоев боз як исботи ахдшикании киргиз аст. Шартномаи соли 1998 оиди хамкори дар тафтишоти низоъхои марзи ва дигар чиноятхо байни Точикистону Киргизистон имзо шуда то хол чорист. Вале киргиз низоъи сархадиро худсарона чктарафа кори чинои кушода, бе огох кардани чониби дигар, дархости боздошт ва ба киргиз додани шахрванди Точикистонро ба Руссия додааст. Кор решаи кухану чукуре дорад, ки наздик насиб бошад мепусад. Моро хам дар Бишкек дар автовокзали маркази (вакте транзит мегузаштем дар автобуси Талас-Бишкек-Новосибирск карор доштем) низомихои киргиз беасос боздошт карда хатто либосхои кухнаи брендиамонро кашида гирифтанд! Кани киргизхо? узр гуяд! Ноадолати бовар кунед аз тарафи киргиз зиёд аст.
Додгохи нохиявии нохияи Кугарчин ин карорро кабул кардааст, на додгохи оли.
Мансабдорон боз ба чашми чаноби олишон мисли харвакта хок мезананд))))