Натоиҷи бозиҳои даврҳои 13-ум ва 14-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона ба мавқеи пешсафон дар ҷадвал тағйирот ворид накард.
Дастаҳои пешсаф - «Хатлон» (Бохтар), «Зебонисо» (Душанбе) ва «Зебо» (Дӯстӣ), ки дар ҳарду даври ахир шашимтиёзӣ ба даст оварданд, муборизаро барои медалҳо идома медиҳанд.
“Хатлон” дар даври 13-ум дар меҳмонӣ “Чашма”-и Шаҳритусро бо ҳисоби 18:0 ва дар даври 14-ум дар майдони худ “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 10:0 шикаст дод.
“Зебонисо” дар даври 13-ум дар меҳмонӣ “Барқ”-и Норакро бо ҳисоби 15:0 ва дар даври 14-ум дар майдони худ “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 16:0 мағлуб кард.
“Зебо” дар даври 13-ум дар майдони худ бар “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 19:0 ва дар даври 14-ум дар меҳмонӣ бар “Чашма”-и Шаҳритус бо ҳисоби 20:0 ғолиб омад.
Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа Лайло Ҳалимова («Хатлон»), ки ба дарвозаи ҳарифонаш 70 тӯб задааст, дар ҷойи аввал мебошад.
Бозиҳои даври понздаҳуми мусобиқа рӯзи якшанбе, 30-юми август, баргузор мешаванд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона
Даври 13-ум
«Чашма» – «Хатлон» – 0:18
«Зебо» – «Ҳосилот» – 19:0
«Барқ» – «Зебонисо» – 0:15
«Равшан» – «Бешкент» – 0:3
Даври 14-ум
«Хатлон» – «Панҷшер» – 10:0
«Бешкент» – «Регар-ТадАЗ» – 0:3
«Зебонисо» – «Равшан» – 16:0
«Ҳосилот» – «Барқ» – 0:0
«Чашма» – «Зебо» – 0:20
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Хатлон» (Бохтар) |
14 |
13 |
1 |
0 |
119-5 |
40 |
2 |
«Зебонисо» (Душанбе) |
14 |
12 |
1 |
1 |
148-3 |
37 |
3 |
«Зебо» (Дӯстӣ) |
14 |
11 |
2 |
1 |
109-10 |
35 |
4 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
13 |
8 |
1 |
4 |
59-12 |
25 |
5 |
«Бешкент» (Носири Хусрав) |
14 |
8 |
1 |
5 |
58-18 |
25 |
6 |
«Барқ» (Норак) |
14 |
3 |
2 |
9 |
7-87 |
11 |
7 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
14 |
3 |
2 |
9 |
7-92 |
11 |
8 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
14 |
2 |
0 |
12 |
3-75 |
6 |
9 |
«Чашма» (Шаҳритус) |
14 |
2 |
0 |
12 |
9-132 |
6 |
10 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
13 |
1 |
2 |
10 |
12-97 |
5 |
Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 70 тӯб, Мадина Фозилова («Зебо»/«Зебонисо») – 58 тӯб, Рафина Нормуродова («Бешкент») – 41 тӯб.
Даври 15-ум
30 август (якшанбе)
«Зебо» – «Хатлон»
«Барқ» – «Чашма»
«Равшан» – «Ҳосилот»
«Регар-ТадАЗ» – «Зебонисо»
«Панҷшер» – «Бешкент»
Сад афсус, ки бисёри мардуме, ки шабакахои Точикистон-ро тамошо мекунанд бар ин наворхои сохтаи хукумати худкома бовар мекунанд
Озоди, ба Акои Абдухолик бген барномаи "Гапи озод"-а бештар кнан. Мурдем ай ждата, а бача. " Гапи озод" дигай, серьёзно! Хиёл мекнум як мох надидам хами барномара.
Хуб дастрасии озод ба силох давлати озод эхтиром ба арзишхо дахолат накардан ба умури шахсии мардум озодии баену акида ВАО озод сензураи кариб ба сифр баробар эхтиром ба каромати инсони ва дигар озодихое,ки марбут ба хаети комилу солими инсонист ин ва дигар дастрасихо дар як давлати озоду демократии гайридиктатурист барои инсон шароит фарохам шудааст намешавад гуфт ки хама яксара пойбанди конунхои амалкунанда дар хамин гуна давлатхои озод пойбанд бошанду пойбанд мемонанд на инхел шуданаш гайри имкон аст.Хар халландаву бурранда ва оташфишонро мешавад хам дар рохи хубу даркори истифода бурду ба чамьият фоида овард ва хам мешавад ба мактаб зада даромада кудаконро дар Техасу мардуми осоиштаро дар Помир кушт.Аз сухан сар карда хама чиз силох аст факат онро ДУРУСТ истифода БУРДАН даркор.
Ба шумо гуломиро табрик.
Фалак ба мардуми нодон дихад зимоми мурод. Ту ахли донишу фахми хамин гунохат бас....Бовар кунед дигар намефахми дар ин олам чи гап дахони хакикатро бо мушт мекубанд..!!!