Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" мавқеи пешсафиашро дар Лигаи аввал устувор мекунад


Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб.
Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар даври даҳум дар майдони худ “Барқчӣ”-и Ҳисорро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон боз ҳам устувор кард.

“Равшан”, ки дар 10 бозӣ 27 имтиёз гирифтааст, пешакӣ ғолиби марҳилаи аввали мусобиқа гардид ва муборизаро барои роҳхат ба Лигаи олӣ дилпурона идома медиҳад.

“Эсхата”-и Хуҷанд бо 21 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Хуҷандиҳо ахиран бар дастаи меҳмон - “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ - бо ҳисоби 6:3 ғолиб омаданд.

“Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки 17 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро касб кардааст. “Панҷшер” дар даври даҳум дар майдони худ бар “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Дар се бозии дигари даври даҳум “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдатдар меҳмонӣ бар “Исфара”-и шаҳри Исфара бо ҳисоби 3:1, “Равшан”-и Зафаробод дар майдони худ бар “Шоҳмансур”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 8:0 ва “Ҳосилот”-и Фархор бар дастаи меҳмон - “Моҳир”-и Ёвон - бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуданд.

Бозиҳои даври ёздаҳуми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 27-28-уми август баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 10-ум

«Исфара» – «Ваҳдат» – 1:3

Голҳо: Ибодулло Шарипов, 14 (1:0). Суҳроб Асоев, 32 (1:1). Самариддин Расулов, 88 (1:2). Муҳаммад Абдураҳмонзода, 90+4 (1:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Фаромурз Саидов («Ваҳдат»).

«Панҷшер» – «Ҳулбук» – 3:2

Голҳо: Рустам Назаров, 26 (1:0). Аваз Камчинов, 38 (1:1). Рустам Назаров, 56 (2:1). Абдухалил Боронов, 58 (3:1). Аваз Камчинов, 76 (3:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Аваз Камчинов («Ҳулбук»).

«Эсхата» – «Саройкамар» – 6:3

Голҳо: Рустам Сабуров, 12 (1:0). Мубинҷон Муъминов, 15 – аз пеналтӣ (2:0). Мубинджон Муъминов, 22 (3:0). Акмалҷон Авазов, 28 (3:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 34 (4:1). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 43 (4:2). Рустам Сабуров, 54 (5:2). Иброҳим Муҳтоҷзода, 84 (5:3). Мубинҷон Муъминов, 90+4 (6:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Мубинҷон Муъминов («Эсхата»).

«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» – 8:0

Голҳо: Хурсандмурод Ҷумъаев, 13 (1:0). Парвиз Деҳқонов, 15 (2:0). Парвиз Деҳқонов, 21 (3:0). Бахтиёр Зарипов, 25 (4:0). Азимҷон Мавлонов, 35 (5:0). Бахтиёр Зарипов, 44 (6:0). Зиёвуддин Фузайлов, 70 (7:0). Зиёвуддин Фузайлов, 79 (8:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Зиёвуддин Фузайлов («Равшан»).

«Ҳосилот» – «Моҳир» – 5:0

Голҳо: Муҳаммадҷон Шерзода, 3 (1:0). Далер Умаров, 33 (2:0). Муҳаммадҷон Шерзода, 56 (3:0). Комрон Салимов, 87 (4:0). Исроил Сомон, 90+3 (5:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Тоҳирҷон Тағойзода («Ҳосилот»).

«Равшан» (Кӯлоб) – «Барқчӣ» – 4:2

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 40 (1:0). Наврӯз Рустамов, 50 (2:0). Файзиддин Назаров, 59 (2:1). Зокир Абдулхайров, 60 (3:1). Ҳасан Рустамов, 62 (4:1). Муҳаммадҷон Ризомов, 88 (4:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Наврӯз Рустамов («Равшан»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

10

9

0

1

41-18

27

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

10

7

0

3

29-20

21

3

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

10

5

2

3

23-13

17

4

«Ҳулбук» (Восеъ)

10

5

1

4

21-19

16

5

«Исфара» (Исфара)

10

5

0

5

17-19

15

6

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

10

4

2

4

31-24

14

7

«Саройкамар» (Панҷ)

10

4

2

4

22-23

14

8

«Моҳир» (Ёвон)

10

4

2

4

23-30

14

9

«Ҳосилот» (Фархор)

10

4

1

5

20-20

13

10

«Равшан» (Зафаробод)

10

3

4

3

20-16

13

11

«Барқчӣ» (Ҳисор)

10

2

1

7

20-24

7

12

«Шоҳмансур» (Душанбе)

10

0

1

9

7-48

1

Нишонзанҳо: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 15 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 13 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 8 тӯб, Фирдавс Мӯсоев («Исфара»), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Самариддин Расулов («Ваҳдат»), Акмалҷон Авазов («Саройкамар») – 7- тӯбӣ.

Даври 11-ум

27 август (панҷшанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Барқчӣ» – «Равшан» (Зафаробод)

«Ҳулбук» – «Эсхата»

«Ваҳдат» – «Панҷшер»

«Шоҳмансур» – «Исфара»

28 август (ҷумъа)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Моҳир» – «Равшан» (Кӯлоб)

«Саройкамар» – «Ҳосилот»

XS
SM
MD
LG