Дастаи «Муҳоҷир»-и Душанбе, ки рӯзи 25-уми август дар марҳилаи муқаддамотӣ дар меҳмонӣ тими «Доро-Инвест» -и Хуҷандро бо ҳисоби 8:5 шикаст дод, ба чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал роҳ пайдо кард.
Ҳамакнун “Муҳоҷир” дар даври чорякниҳоӣ дар майдони худ бо “Сипар”-и Хуҷанд, ки дар мусобиқаи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон пешсаф аст, рақобат мекунад.
Бозиҳои дигари чорякниҳоӣ миёни дастаҳои «Иттифоқ» (Душанбе) – «Соро компания» (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан) – «Формула-55» (Душанбе) ва «Самандар» (Турсунзода) – «Равшан» (Кӯлоб) барпо мегардад.
Ба иттилои Лигаи футзали Тоҷикистон, ҳар як марҳилаи мусобиқаи имсола барои Ҷоми миллӣ (марҳилаи муқаддамотӣ, 1/4 ва 1/2 финал) аз як бозӣ иборат аст.
Бозиҳои чорякниҳоӣ 28-уми август, бозиҳои ниманиҳоӣ 9-уми сентябр доир мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 рӯзи 12-уми сентябр дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и Хуҷанд барпо мегардад.
Ҷоми Тоҷикистон -2020 оид ба футзал
Марҳилаи муқаддамотӣ
25 август (сешанбе)
«Доро Инвест» (Хуҷанд) – «Муҳоҷир» (Душанбе) – 5:8
Голҳо: Амирҷон Иброҳимов, 3 (1:0). Умед Мирзораҳимов, 5 (2:0). Самандар Ризомов, 6 (2:1). Хуршеди Зайниддин, 7 (2:2). Самандар Ризомов, 8 (2:3). Нусратшо Исмоилов, 8 (2:4). Бахтиёр Солиев, 9 (2:5). Баҳодур Ашрапов, 11 – ба дарвозаи худ (2:6). Амирҷон Иброҳимов, 13 (3:6). Хайём Дарвешов, 21 (3:7). Самандар Ризомов, 35 (3:8). Исмоилҷон Муъминов, 37 (4:8). Баҳодур Ашрапов, 39 (5:8).
Беҳтарин бозигари дидор: Самандар Ризомов («Муҳоҷир»).
25 август. Гулистон. Маҷмааи варзишии «Шоҳин».
Чорякфинал
28 август (ҷумъа)
16:00 – «Самандар» (Турсунзода) – «Равшан» (Кӯлоб). Турсунзода, маҷмааи варзишии «Самандар-XXI»
16:00 – «Муҳоҷир» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд). Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ
16:00 – «Истаравшан» (Истаравшан) – «Формула-55» (Душанбе). Истаравшан, маҷмааи варзишии «Далерон»
18:00 – «Иттифоқ» (Душанбе) – «Соро компания» (Душанбе). Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ
Ин тараф Ворух вай тараф Хоруг кадом тарафи гранитца но тинч аст масалаи марз ин тараф бо Киргизия вай тараф бо Хитой давно хал шудаги гучора мо химоя намоем бо ин генералхои часур ба чанг рафтан хафнок аст яке бо махкам накунанд
Короче говоря, наши успехи как всегда нулевые
Қарзгирандаҳои Муҳтарам ҳо илтимос тон мекунем аму пулҳои хдмона баргардонед. АЛЛО гуфти Ака ё Додар гуфти пул додемтон., то мушкили шумо ҳал шавад ва мо Дустонатон кори савоб гирем. Кам - камак ҳам биёред -минусш кардан мегирем. Худо ҳидоятон кунад ИЛТИМОС пуломона баргардонед. Бе СУД бозию Бе ПРОКРАТУРА.
Худо раҳмату махфираташ кунад.
хизматгори содиқ, кахрамони мардуми. Устоди дурнамову содиқи ватан - руҳатон шод бод. Ба аҳли оила - сабри ҷамил.