Лигаи футболи Тоҷикистон ба тақвими бозиҳо тағйирот ворид кард ва бозиҳои даврҳои 14-ум ва 15-уми қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олиро ба моҳи сентябр гузаронд.
Ба муҳлати дигар гузарондани бозиҳои ду даври қаҳрамонии Тоҷикистон ба омодагии дастаи мунтахаби миллии кишвар ба бозии дӯстона бо мунтахаби Узбекистон, ки 3-юми сентябр дар Тошканд доир мегардад, бастагӣ дорад.
Бозиҳои даври 14-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои «Файзканд» – ССКА, «Душанбе-83» – «Хатлон», «Хуҷанд» – «Истаравшан», «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» ва «Локомотив-Помир» – «Кӯктош», ки бояд 28-29-уми август баргузор мешуданд, рӯзҳои 7, 8 ва 11-уми сентябр барпо мегарданд.
Бозиҳои даври 15-уми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истаравшан» – «Файзканд», «Хатлон» – «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд», «Кӯктош» – «Истиқлол» ва ССКА – «Душанбе-83», ки 31-уми август ва 1-уми сентябр ба нақша гирифта шуда буд, рӯзҳои 29-30-юми сентябр доир мегарданд.
Лигаи футболи Тоҷикистон, инчунин санаҳои бозиҳои чорякфинали Ҷоми Тоҷикистонро тасдиқ кард. Бозиҳои «Равшан» – «Истиқлол», «Эсхата» – «Хатлон», «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан» – «Кӯктош» рӯзҳои 13-ум ва 15-уми сентябр баргузор мешаванд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 14-ум
7 сентябр (душанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Файзканд» – ССКА
«Душанбе-83» – «Хатлон»
8 сентябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»
«Хуҷанд» – «Истаравшан»
11 сентябр (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Локомотив-Помир» – «Кӯктош»
Ҷоми Тоҷикистон
Чорякфинал
13 сентябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»
«Эсхата» – «Хатлон»
15 сентябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»
«Истаравшан» – «Кӯктош»
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 15-ум
29 сентябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Истаравшан» – «Файзканд»
30 сентябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»
«Кӯктош» – «Истиқлол»
«Хатлон» – «Локомотив-Помир»
ССКА – «Душанбе-83»
Филмхои тасвири давом дорад. Давом дорад..
Элита дар русия бо хукуматаш дар сиесат ШАРИК аст кишри БАЙН(средний класс)аслан бо кору бори зиндагии ХУД машгулу парвои сиесат НАДОРАД он не ки от зарплаты до зарплаты от пенсии до пенсии тамоман дар сиесат БОМБА ва дар давлаташон ЧИ?!мегузарад аз забони путину пескову салавеву скабаеваву киселеву аз хамик кабил шулерони ГУЗАРО мефахманд...россия на данный МОМЕНТ дар ботлоки ЧОХИЛИЯТ по самые НЕХОЧЮ гутидааст...
Bas kuned hamin sharmandagiatonro. Digar agar gapi rost ham az televizoraton sado dihad mardum ba on bovar namekunand. Guzorishaton ghairikasbi, tuhmat va xiyonat ast.
Аз ин ҷом шунидам. Ин ҷом бо ман сухан мегӯяд. Ҷом мегӯяд Юсуфро бародаронаш зарбу шатри зиёд карда, ва ба чоҳаш андохтанд.
Ду кишвар дар ҷаҳон аз ҷиҳати сиёсӣ хеле монанданд: эрон ва россия. Дар ҳарду кишвар истибдоду диктатура, саркӯби мухолифин, қатлу зиндону эъдом, ҳарду кишвар мардумаш қашшоқ (за чертой бедности), вале дар кишварҳои ҳамсоя ҷангҳои бемаъниро ба роҳ мондаанд, зидди ҳарду кишвар таҳримҳои байналмиллалӣ, ҳарду ҳам идаои дину арзишҳои миллӣ мекунанд ва дигар шабоҳатҳои олами вуҳуш…!