Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сомон Эйр" гуфт, нархи билетро арзон кард, аммо нагуфт, ки чӣ қадар


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони ширкати "Сомон Эйр" гуфтанд, ки то 31-уми август арзиши билети бозгашт аз Русияро ба Тоҷикистон арзон мекунанд, аммо нагуфтанд, ки чӣ қадар.

Пештар сафири Тоҷикистон дар Маскав гуфта буд, нархи билет барои парвозҳои чартерӣ то 24 ҳазор рубли русист. Дертар бархе аз муҳоҷирон шикоят карданд, ки арзиши он аз 30 ҳазор рубл боло ва на ба ҳама дастрас аст.

Ширкати "Сомон Эйр" рӯзи 24-уми август дар баёнияе гуфт, ба ҳавопаймоҳои онҳо иҷоза шудааст, ки аз Тоҷикистон холӣ нараванду шаҳрвандони Русияро бо худ бибаранд ва ин ба поин омадани қимати билетҳо сабаб гардид. Моҳи июл дар як нишасти матбуотӣ Дилшод Исматуллозода, раиси ширкати "Тоҷик Эйр", гуфта буд, "дар сурате ки ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия холӣ раванд, ҳангоми бозгашт нархи билет ва хизматрасониҳо 40 дарсад боло мераванд".

Ҳанӯз дар бораи барқарор шудани парвозҳои маъмулӣ ё доимӣ байни Тоҷикистону Русия тасмим гирифта нашудааст. Парвозҳои маъмулӣ байни ду кишвар охири моҳи марти имсол ба сабаби паҳншавии бемории коронавируси нав қатъ шуда буд.

То ин дам тавассути парвозҳои чартерӣ ва роҳҳои заминӣ ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба кишвар оварда шудаанд, вале ҳамчунон теъдоди зиёди онҳо мунтазири бозгашт ҳастанд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 15-уми август эълон кард, ки то охири моҳ ба Русия 55 парвоз дар назар аст. Ин парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" анҷом мешаванд.

XS
SM
MD
LG