Дар маросими қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал, ки дар қароргоҳи Федератсияи футболи кишвар доир гардид, намояндагони 9 даста (6 тими Лигаи касбӣ ва 3 тими силсилаи «А») ширкат карданд.
Ба иттилои мудири кулли Лигаи футзали Тоҷикистон Комрон Шодиев, ҳар як марҳилаи мусобиқаи имсола барои Ҷоми миллӣ (марҳилаи муқаддамотӣ, 1/4 ва 1/2 финал) аз як бозӣ иборат аст.
Дар маҳилаи муқаддамотӣ «Доро-Инвест» (Хуҷанд) ва «Муҳоҷир» (Душанбе) рақобат мекунанд. Ғолиби ин ҷуфт дар чорякфинал дар майдони худ бо «Сипар»-и Хуҷанд рӯбарӯ мешавад. Бозиҳои дигари чорякниҳоӣ миёни дастаҳои «Иттифоқ» (Душанбе) – «Соро компания» (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан) – «Формула-55» (Душанбе) ва «Самандар» (Турсунзода) – «Равшан» (Кӯлоб) барпо мегардад.
Бозиҳои чорякниҳоӣ 28-уми август, бозиҳои ниманиҳоӣ 9-уми сентябр доир мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 рӯзи 12-уми сентябр дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и Хуҷанд барпо мегардад.
Ҷоми Тоҷикистон -2020 оид ба футзал
Марҳилаи муқаддамотӣ
25 август (сешанбе)
«Доро Инвест» (Хуҷанд) – «Муҳоҷир» (Душанбе)
Чорякфинал
28 август (ҷумъа)
Ғолиби ҷуфти «Доро-Инвест» (Хуҷанд)/«Муҳоҷир» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд)
«Иттифоқ» (Душанбе) – «Соро компания» (Душанбе)
«Истаравшан» (Истаравшан) – «Формула-55» (Душанбе)
«Самандар» (Турсунзода) – «Равшан» (Кӯлоб)
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!