Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон аз марзи 800 ҳазор гузашт


Рӯзи 22-юми август теъдоди қурбониёни коронавируси нав дар ҷаҳон аз 800 ҳазор нафар бештар шуд. Шумори мубталоён ба беш аз 23 миллион кас мерасад. Бар асоси омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, бештари қурбониён дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бразилия, Мексика ва Ҳиндустон сабт шудаанд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ибрози умед кард, ки бемории ҳамагир то камтар аз ду соли дигар зери "контрол" хоҳад даромад.

XS
SM
MD
LG