Шумори расмии гирифторони коронавирус дар Ҳиндустон аз 3 миллион кас бештар шуд. Аммо тахмин меравад мавридҳои мубталошавӣ ба бемории COVID-19 дар ин кишвари сернуфус ба маротиб бештар бошад. Бар асоси гузоришҳо, тайи ҳафтаҳои гузашта дар Ҳиндустон дар шабонарӯз расман то 70 ҳазор мавридро сабт кардаанд. Дар ин миён, мақомҳои Ҳиндустон гуфтаанд, бар асоси пажуҳиши нави онҳо, сокинони Деҳлии Нав ва Мумбай дар баробари коронавирус муқовимати хуб нишон додаанд. Дар ҳоли ҳозир шумори маргу мир дар Ҳиндустон пас аз коронавирус ба беш аз 56 ҳазор тан расидааст. Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико мегӯяд, беш аз 23 миллион тан дар ҷаҳон ба COVID-19 мубтало шудаанд ва аз миёни онҳо беш аз 800 ҳазор кас ҷони худро аз даст додаанд.