Дастаи “Бавария”-и Олмон, ки 19-уми август дар бозии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими футболи 2019/2020 бар “Лион”-и Фаронса бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, ба финал баромад.
«Бавария» дар бозии ниҳоӣ, ки 23-юми август дар Лиссабони Португалия баргузор мешавад, бо “ПСЖ” («Пари Сен-Жермен»)-и Фаронса рақобат мекунад. «ПСЖ», ки 18-уми август дар нимфинал “Лейпсиг”-и Олмонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, бори аввал ба финали ин мусобиқаи пурнуфуз роҳ пайдо кард.
Лигаи қаҳрамонҳо. 1/2 финал.
"РБ Лейпсиг" - "ПСЖ" - 0:3 (0:2)
Голҳо: Маркинос, 13 (0 : 1); Ди Мария, 42 (0 : 2); Бернат, 56 (0 : 3)
"РБ Лейпсиг": Гулачи; Анхелино; Упамекано; Мукел; Клостерман (Орбан В., 83); Олмо (Форсберг, 46); Нкунку (Шик, 46); Лаймер (Халстенберг, 62); Кампл (Адамс Т., 64); Забитсер; Поулсен Ю.
"ПСЖ": Рико С.; Керер; Кимпембе; Маркинос; Силва Т.; Эррера (Дракслер, 83); Бернат; Паредес Л. (Верратти, 83); Ди Мария (Сарабия, 87); Мбаппе (Чупо-Мотинг, 86); Неймар
Огоҳӣ: Лаймер, 61; Поулсен Ю., 79; Халстенберг, 79 - Кимпембе, 45
«Лион» - «Бавария» - 0:3 (0:2)
Голҳо: Гнабри 18' (0:1), Гнабри 33' (0:2), Левандовски Р. 88' (0:3).
“Лион”: 1. Лопеш А., 5. Денайер, 6. Марсело Г., 14. Дюбуа (17. Рен-Аделед, 67') , 20. Марсал (36. Шерки, 73') , 25. Какере, 39. Бруно Г. (12. Мендес Т., 46') , 8. Ауа, 11. Депай (9. Дембеле, 57') , 21. Токо-Экамби (23. Тете, 67') , 27. Корне.
"Бавария”: 1. Нойер, 17. Боатенг (4. Зюле, 46') , 27. Алаба, 6. Алкантара Т. (24. Толиссо, 82') , 14. Перишич И. (29. Коман К., 63') , 18. Горетска (5. Павар, 82') , 19. Дэйвис, 22. Гнабри (10. Коутинйо, 75'), 32. Киммих, 25. Мюллер, 9. Левандовски Р.
Огоҳӣ: Марсело Г. 35', Марсал 42', Мендес Т. 86'
Финал
23 август (якшанбе)
«Бавария» - «ПСЖ»
Лигаи Аврупо: «Севиля» ва «Интер» дар финал
Дастаҳои “Севиля”-и Испания ва “Интер”-и Италия дар бозии ниҳоии Лигаи Аврупо дар мавсими 2019/2020, ки 21-уми август доир мегардад, бо ҳам рақобат мекунанд.
Ёдовар мешавем, дар нимфинал «Севиля» бар “Манчестер Юнайтед”-и Англия бо ҳисоби 2:1 ва «Интер» бар “Шахтёр”-и Украина бо ҳисоби бузурги 5:0 ғолиб омаданд.
1/2 финал
16-уми август (якшанбе)
«Севиля» (Испания) – «Манчестер Юнайтед» (Англия) – 2:1
17-уми август (душанбе)
«Интер» (Италия) – «Шахтёр» (Украина) – 5:0
Финал
21-уми август (ҷумъа)
«Севиля» (Испания) – «Интер» (Италия)
Бояд гуфт, ки ба далели пандемияи коронавирус Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) дар аввали моҳи март мусобиқоти Лигаи қаҳрамонҳо ва Лигаи Аврупоро боздошт. Инчунин қаҳрамонии футболи Аврупо ба соли оянда мавқуф гузошта шуд.
Хамааш мегирад:Суд,прокурор,милиса,духтур ва г.х.Мохона кам аст,ба зиндаги намерасад.Факат ин мардак беэхтиети кардаасту ба даст фаромадаст...
Ватан ки бе СОХИБ монд хар кас даьвои ВАТАН-ри мекунад...
Ягон нафар точикро фиреб накарда монда боша
У мардуми шобика ай санги каратоги сахтаран 👍
ту дигар рохи халли масъаларо наёфти?агар намедони хар чи аз худат нанавис!!!давлат бояд дар рузи дуввуми ходиса ин пулро баркарор мекард!миллати беномус шудагием мо!!!раиси вилоята бин гап заниша как буд то аз осмонафтидаги дигархоро сарзаниш дорад ,агар раиси дилсуз мебудед шумо худатон белу цементу каланд гирифта бо мардум дар тули як хафта хадди акал рохашро меётед!лекин сатхи маърифат ки паст хаст факат гирду атрофи худатон обод бошад шуд мегуеду мегардед аз кучо медонед ки мардум аз пул афтода аз мурда баддтар хол доранд!