Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии бокси Осиё ба соли 2021 гузаронида шуд


Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс, ки бояд моҳҳои ноябр-декабр дар Ҳиндустон баргузор мешуд, ба далели пандемияи Covid-19, ба соли 2021 гузаронида шуд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи бокси Осиё, ки 17-уми август тариқи фосилавӣ доир гашт, тасмим гирифта шуд мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ба соли оянда мавқуф гузошта шавад. Ҳиндустон мизбони мусобиқа боқӣ мемонад.

Санаи дақиқи баргузор шудани чорабинӣ дар ҷаласаи навбатии кумитаи иҷроияи Конфедератсияи бокси Осиё моҳи ноябр муайян мегардад.

"Конфедератсияи бокси Осиё тасмим гирифт, ки имсол имкон дорад фақат як мусобиқаро моҳи ноябр дар Чин доир намояд ва дар он беҳтарин муштзанҳои қора иштирок хоҳанд кард. Вале ин танҳо дар нақша аст, шояд мусобиқа доир гардад ва ё не",- гуфтааст дабири кулли Конфедератсияи бокси Осиё Ҷей Коулӣ.

Ёдовар мешавем, Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, соли гуашта дар қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт.

Баҳодур дар рақобатҳо дар вазни зери 64 кило баъди се пирӯзӣ ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Обада Ал-Касбе аз Урдун дастболо шуд. Зимнан, Баҳодур Усмонов дар таърихи бокси тоҷик чорумин муштзанест, ки ба гирифтани унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст.

Ду муштзани тоҷик - Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило – дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус, ки моҳи марти имсол дар шаҳри Аммони Урдун доир гардид, ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио роҳхат гирифтанд. Олимпиадаи Токио-2020 ба далели пандемияи коронавирус як сол ба таъхир афтод.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG