Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қамаргулро ба назди раиси ҷумҳур хонданд, "вале аз ҳаққи сухан гуфтан маҳрум карданд". ВИДЕО


Қамаргули 15-сола
Қамаргули 15-сола

Номи Қамаргули 15-сола моҳи гузашта бо куштани ду ҷангҷӯйи Толибон ва қотилони падару модараш дар саросари ҷаҳон давр зад.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, бо ситоиш аз кораш, ӯро ба Кобул хост, вале то кунун Қамаргулро надидааст. Барои ин кори раиси ҷумҳур шуморе аз ҳомиёни ҳуқуқи зан дар зодгоҳи Қамаргул дар вилояти Ғӯр ӯро танқид кардаанд, ки ба ин духтар беэътиноӣ зоҳир кардааст.

Сивито Азизӣ, яке аз ин мунтақидон аст, ки мегӯяд: “Аз қаҳрамонии ин духтар бояд қадрдонӣ сурат мегирифт. Вақте ки раиси ҷумҳур ин духтарро ба Кобул хоста буд, бисёре аз хонумҳо хушҳол буданд, шояд хонумҳое, ки қаҳрамонӣ нишон медиҳанд, мавриди эҳтиром қарор мегиранд ва аз онҳо қадрдонӣ мешавад. Мутаасифона, як моҳ мешавад, ки дар Кобул мисли як зиндонӣ нигаҳдорӣ мешавад.”

Фарзона, яке аз фаъолони дигари ҳуқуқи зан дар вилояти Ғӯр ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, беэътиноӣ ва фаромӯш кардани корнамоии Қамаргул беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи зан аст.

Ӯ афзуд: “Барои дифоъ аз обрӯ ва иззат ва хуни падару модар, ин духтар шуҷоат нишон медиҳад, аммо мутаассифона ба худаш ва хуни шаҳидонашон беэҳтиромӣ сурат мегирад. Қамаргулро мисли як зиндонӣ дар Кобул нигаҳдорӣ мекунанд. Бояд аз онҳо ва аз онҳое, ки душманонро мекушанд, бояд қадрдонӣ шавад.”

Қамаргул мегӯяд, дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз ӯ хостааст, ки бо расонаҳо суҳбат накунад, ба ҳамин далел нахост, ки садояш пахш шавад. Ӯ афзуд, дар меҳмонхонае дар Кобул зиндагӣ мекунад ва иҷозаи дидор бо касеро надорад.

Духтари 15-сола қотилони волидонашро парронд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

Бо ин ҳол, масъулони Кумисюни мустақили ҳуқуқи башари вилояти Ғӯр ин вазъро нигаронкунанда медонанд ва мегӯянд, афзун бар ин ки ба Қамаргул бетаваҷҷуҳӣ шудааст, аз ҳаққи сухан гуфтан ва гаштугузор ҳам маҳрум кардаанд. Фарида Носирӣ, масъули бахши занони Кумисюни мустақили ҳуқуқи башар дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Инки муддати як моҳ бесарнавишт аст, дар яке аз меҳмонхонаҳои Кобул ва ба истилоҳ аз озодӣ маҳрум шудааст. На касе метавонад, бо ӯ мулоқот кунад ва ӯ бо ҳам бо касе мулоқот карда наметавонад, аз нигоҳи ҳуқуқи башар ин як навъ салб (гирифтан)-и озодӣ аст. Ман умедвор ҳастам, ки ҳарчӣ зудтар сарнавишти Қамаргул таъйин шавад ва давлат дар бораи ӯ тасмиме бигирад, чунки ӯ мегуфт, ман беморам ва дигар наметавонам, дар меҳмонхона бимонам.”

Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар бораи ин масъала изҳори назар накардааст. Қамаргули 15-сола рӯзи 16-уми июл дар ноҳияи Тайвора дар вилояти Ғӯр, як минтақаи кӯҳӣ ва дурафтодаи Афғонистон ду ҷангҷӯи Толибро кушт ва номаш дар ҷаҳон сари забонҳо шуд.

Қамаргул он замон гуфт, ҷангҷӯён падару модарашро дар пеши чашмонаш куштанд ва ӯ маҷбур шуд, автомати Калашниковро, ки дар утоқаш буд, гирифта, ҳамлаваронро нобуд кунад. Қамаргулро мақомоти расмӣ ба як маҳалли амн ва сипас ба Кобул овардаанд, то аз дасти Толибон эмин бошанд.

Баъдан гузоришҳои зиёде ҳам нашр шуд, ки яке аз ҷангҷӯёни Толиб шавҳари ин духтари 15-сола будааст ва муноқишаи хонаводагӣ бо хунрезӣ дар хонаводаи духтари наврас анҷомидааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG