Бозии дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки 6-уми сентябр ба нақша гирифта шуда буд, ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Ассотсиатсияи футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хоҳиш кардааст, ки бозии дӯстона аз 6-уми сентябр ба моҳи октябр ё ноябр гузаронида шавад.
Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон моҳи сентябр аз ду бозии дӯстона якеашро баргузор мекунад. Футболбозони тоҷик 3-юми сентябр дар Варзишгоҳи миллии Тошканд бо мунтахаби Узбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳанд.
Бояд гуфт, ки ин бозиҳои санҷишӣ дар доираи омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 ба нақша гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, барои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» се бозии дигар мондааст. Футболбозони тоҷик дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, баъдан дар меҳмонӣ бо мунтахаби Ҷопон ва сипас дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳанд кард. Ин бозиҳо, ки моҳҳои октябр ва ноябри имсол ба нақша гирифта шуда буд, бо тасмими FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ва AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ба соли 2021 мавқуф гузошта шуданд.
Ин тараф Ворух вай тараф Хоруг кадом тарафи гранитца но тинч аст масалаи марз ин тараф бо Киргизия вай тараф бо Хитой давно хал шудаги гучора мо химоя намоем бо ин генералхои часур ба чанг рафтан хафнок аст яке бо махкам накунанд
Короче говоря, наши успехи как всегда нулевые
Қарзгирандаҳои Муҳтарам ҳо илтимос тон мекунем аму пулҳои хдмона баргардонед. АЛЛО гуфти Ака ё Додар гуфти пул додемтон., то мушкили шумо ҳал шавад ва мо Дустонатон кори савоб гирем. Кам - камак ҳам биёред -минусш кардан мегирем. Худо ҳидоятон кунад ИЛТИМОС пуломона баргардонед. Бе СУД бозию Бе ПРОКРАТУРА.
Худо раҳмату махфираташ кунад.
хизматгори содиқ, кахрамони мардуми. Устоди дурнамову содиқи ватан - руҳатон шод бод. Ба аҳли оила - сабри ҷамил.