Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус ба иқтисоди Ҷопон ва интихоботи Зеландияи нав "осеб" расонд


Мардуми Токио дар субҳи 17-уми август. Ҷопон гуфт, иқтисодаш ба ҳадди рекордӣ осеб дидааст.
Мардуми Токио дар субҳи 17-уми август. Ҷопон гуфт, иқтисодаш ба ҳадди рекордӣ осеб дидааст.

Баъди хуруҷи коронавируси нав дар Аукланд, бузургтарин шаҳри Зеландияи нав, ҳукумат рӯзи 17-уми август эълон кард, ки интихоботҳои кишварро ба таъхир меандозад. Айни замон Ҷопон гуфт, ки пандемия сабаб шудааст, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз моҳи апрел то июн ба ҳадди рекордии 27.8 коҳиш ёбад.

Ҷесинда Арден, нахуствазири Зеландияи нав гуфт, ки интихоботи порлумонӣ рӯзи 17-уми октябр баргузор мешавад. Баъди сабти 50 мавриди сирояти коронавируси нав дар Аукланд, аҳзоби мухолифи давлат талаб карданд, ки интихобот ба таъхир андохта шавад.

Пеш аз ин хуруҷ, Зеландияи нав 102 рӯз ҳеҷ беморе надошт, ба истиснои онҳое, ки аз хориҷ бармегаштанд ва дар марз дар карантин нигаҳ дошта мешуданд. Эълони Ҷопон, нишондиҳандаи осеби сахтест, ки пандемия ба саввумин иқтисоди бузурги ҷаҳон задааст.

Коҳиши 27.8 дарсадии маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷопон, аз замони сабти ин нишондод дар соли 1980 бузургтарин коҳиш дар таърихи иқтисоди кишвар аст. Коронавируси нав, ки бемории COVID-19 бармеангезад, дар саросари ҷаҳон то кунун ба 21 миллион нафар сироят кардааст ва 773 ҳазор нафарро куштааст.

Беморӣ аз ҳама бештар дар қораи Амрико паҳн шудааст ва Амрикову Бразилия ва Мексика аз он кишварҳоеанд, ки талафоти зиёдтар додаанд.

XS
SM
MD
LG