Рӯзҳои 15-16-уми август бозиҳои даври 12-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар се бозӣ мизбонон, дар як дидор меҳмонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид.
Бозии марказии даври 12-ум рӯзи шанбе, 15-уми август, миёни пешсафони мусобиқа - “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд - дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Мизбонон ба дарвозаи меҳмонон чаҳор голи беҷавоб заданд.
Чаҳор бозии дигари даври дувоздаҳум рӯзи якшанбе, 16-уми август, баргузор шуд. “Кӯктош”-и Рӯдакӣ бар дастаи мизбон - ССКА-и Душанбе бо ҳисоби 5:1 ғолиб омад. “Душанбе-83”-и Душанбе дар майдони худ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. «Файзканд»-и Восеъ дар майдони худ бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.
Бозӣ миёни дастаҳои “Локомотив-Помир”-и Душанбе ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо натиҷаи мусовии 2:2 анҷом пазируфт.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври 12-ум дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи олӣ “Истиқлол” бо 34 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. “Хуҷанд” бо 23 имтиёз дар зинаи дувум ва “Хатлон”бо 21 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.
Бозиҳои даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 23-24-уми август баргузор мешаванд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 12-ум
«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 4:0
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 31 (1:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 48 (2:0). Алишер Ҷалилов, 59 (3:0). Табрези Давлатмир, 78 (4:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»).
15 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
ССКА – «Кӯктош» – 1:5
Голҳо: Фирӯз Бобиев, 18 – аз пеналтӣ (1:0). Принс Артур, 21 (1:1). Мбеке Сиебатчеу Диеудони, 24 (1:2). Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 38 (1:3). Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 45+2 (1:4). Собирҷон Холматов, 84 (1:5).
Беҳтарин бозигари дидор: Муҳсинҷон Абдуғаффоров («Кӯктош»).
16 август. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.
«Душанбе-83» – «Регар-ТадАЗ» – 3:0
Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 18 – аз пеналтӣ (1:0). Агблей Ҷонс, 22 (2:0). Колинс Адухене, 55 (3:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Колинс Адухене («Душанбе-83»).
16 август. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.
«Локомотив-Помир» – «Истаравшан» – 2:2
Голҳо: Ислом Зоиров, 34 (1:0). Шаҳром Сулаймонов, 37 (2:0). Отабек Каримов, 41 (2:1). Азизҷон Шамсиев, 82 (2:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).
16 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.
«Файзканд» – «Хатлон» – 2:1
Голҳо: Шарафҷон Солеҳов, 50 – аз пеналтӣ (1:0). Тони Бикатал, 54 (1:1). Анвар Муродов, 90+3 (2:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Анвар Муродов («Файзканд»).
16 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
12 |
11 |
1 |
0 |
49-5 |
34 |
2 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
12 |
7 |
2 |
3 |
19-15 |
23 |
3 |
«Хатлон» (Бохтар) |
12 |
6 |
3 |
3 |
22-18 |
21 |
4 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
12 |
5 |
4 |
3 |
18-14 |
19 |
5 |
ССКА (Душанбе) |
12 |
5 |
3 |
4 |
20-19 |
18 |
6 |
«Душанбе-83» (Душанбе) |
12 |
4 |
2 |
6 |
13-20 |
14 |
7 |
«Файзканд» (Восеъ) |
12 |
3 |
5 |
4 |
12-21 |
14 |
8 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
12 |
2 |
3 |
7 |
15-29 |
9 |
9 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
12 |
2 |
2 |
8 |
16-31 |
8 |
10 |
«Локомотив-Помир» (Душанбе) |
12 |
1 |
3 |
8 |
9-21 |
6 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 11 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 9 тӯб.
Даври 13-ум
23 август (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Регар-ТадАЗ» – «Локомотив-Помир»
«Кӯктош» – «Душанбе-83»
24 август (душанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Хуҷанд» – «Файзканд»
«Истаравшан» – «Истиқлол»
«Хатлон» – ССКА
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!