Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози тоҷик дар Премйер-лигаи Русия бозӣ мекунад


Муҳаммад Султонов (аз чап).

Муҳаммад Султонови 27-сола, ки зодаи Тоҷикистон аст, дар дастаи «Ротор»-и Волгоград дар ду бозии аввали мавсими нави Премйер-лигаи Русия муқобили “Зенит”-и Санкт-Петербург ва “Динамо”-и Маскав ба майдон омад.

“Ротор” дар даври аввал 11-уми август дар майдони худ аз “Зенит”, қаҳрамони феълии Русия, бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Нимҳимоятгар Муҳаммад Султонов дар ин бозӣ дар ҳайати “Ротор” то дақиқаи 82-юм дар майдон буд. Ӯро ҳашт дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ Бека Микелтадзе иваз намуд.

Бозии дувуми “Ротор” 15-уми август дар Маскав бо “Динамо” бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Футболбози тоҷик муқобили “Динамо” аз ибтидо то охири бозӣ ҳунарнамоӣ кард.

Баъди натиҷагирии даври дувум “Зенит” (Санкт-Петербург), ССКА (Маскав) ва “Локомотив” (Маскав) дар ҷадвали Премйер-лигаи Русия бо шашимтиёзӣ пешсафанд. “Ротор” (Волгоград), ки дар ду бозӣ як имтиёз гирифтааст, дар байни 16 даста дар ҷойи пешазохирин қарор дорад.

“Ротор”, ки мавсими 2019/2020 дар Лигаи миллии футболи Русия ғолиб шуд, ба ҳаққи ширкат дар Премйер-лига дар мавсими 2020/2021 мушарраф гашт. Бояд гуфт, ки “Ротор” баъди 16 сол ба лигаи олии Русия баргашт. Дар ин муваффақияти даста Муҳаммад Султонов низ саҳмгузор аст.

“Ротор” бозии даври севумро дар Премйер-лигаи Русия рӯзи 19-уми август дар меҳмонӣ бо дастаи “Аҳмад”-и Грозний (Чеченистон) баргузор мекунад. Муҳаммад дар ин бозӣ дар ҳайати “Ротор” бори севум дар Премйер-лигаи Русия ба майдон хоҳад омад.

Зимнан, Муҳаммад Султонов соли гузашта бо як рафтори наҷибаш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ байни мухлисон маҳбубияти зиёд касб намуд. 13-уми июли соли 2019 дастаи "Ротор"-и Волгоград дар даври навбатии Лигаи миллии футболи Русия дар майдони худ бо "Текстилшик"-и Иваново зери борони сахт ба майдон омад.

Борони шадид на танҳо ба футболбозон, ҳамчунин ба кӯдаконе, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд, мушкил пеш овард. Нимҳимоятгари "Ротор" Муҳаммад Султонов натавонист ба манзарае, ки духтарчаи назди ӯ буда аз борон тар мешавад, бетафовут бошад. Бинобар ин бо футболка ё пероҳанаш сари ӯро пӯшонд. Акси ин лаҳзаро сомонаи sports.ru нашр намуда, рафтори футболбозро хеле шоиста арзёбӣ кард.

Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, мегӯяд, ки ӯ бо Муҳаммад Султонов вохӯрда, ӯро ба тими миллии кишвар даъват кардааст. «Ман бо рухсати роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои мулоқот бо Муҳаммад Султонов моҳи феврали соли равон ба Туркия рафта будам. Дар он ҷо ӯ дар ҳайати «Ротор» дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ иштирок дошт. Ман бозиашро тамошо кардам, бо Муҳаммад ва мураббиаш гуфтугӯ намудам. Ӯ хоҳиши зиёд дорад, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад. Вале як муаммо ҳаст, ки ҳалли он танҳо аз федератсияҳои футболи ҳарду кишвар бастагӣ дорад. Агар Султонов дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ кунад, онгоҳ дар Русия легионер ҳисоб мешавад. Дар ҳар як бозии Премйер-лигаи Русия шумораи легионерҳо маҳдуд аст. Бинобар ин, барои дар бозиҳо иштирок кардан байни легионерҳо конкуренсия сахт аст. Муҳаммад гуфт, агар ин мушкилӣ ҳал шавад, розӣ аст, ки дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад", - иброз дошт Усмон Тошев.

Муҳаммад Султонов 21-уми декабри соли 1992 дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ дастпарвари бошгоҳи ССКА-и Маскав мебошад, ки дар ҳайати тими ҷавонони ин бошгоҳ ҳамчун ҳамлагар бозӣ кардааст.

Вай аз соли 2012 узви дастаи "Локомотив-2"-и Маскав буд. Дар ибтидои соли 2014 ба тими "Спартак-Нальчик" ва тобистони ҳамон сол ба дастаи "Тосно"-и Тосно гузаштааст. Баъдан дар тими "Шинник"-и Ярославл ҳунарнамоӣ кардааст. Аз соли 2017 дар дастаи "Ротор" бозӣ мекунад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG