Иштироккунандагони даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими футболи 2019/2020 муайян шуданд. Дар нимфинал “Лейпсиг”-и Олмон бо “ПСЖ”-и Фаронса ва “Лион”-и Фаронса бо “Бавария”-и Олмон бозӣ мекунанд.
Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 18-19-уми август дар Лиссабони Португалия баргузор мешаванд. Бозии ниҳоӣ 23-юми август ба нақша гирифта шудааст.
Лигаи қаҳрамонҳо, 1/4 финал
12-уми август (чоршанбе)
Аталанта (Италия) - ПСЖ (Фаронса) – 1:2
13-уми август (панҷшанбе)
Лейпсиг (Олмон) - Атлетико (Испания) – 2:1
14-уми август (ҷумъа
Барселона (Испания) - Бавария (Олмон) – 2:8
15-уми август (шанбе)
Манчестер Сити (Англия) - Лион (Фаронса) – 1:3
1/2 финал
18-уми август (сешанбе)
Лейпсиг (Олмон) - ПСЖ (Фаронса)
19-уми август (чоршанбе)
Лион (Фаронса) – Бавария (Олмон)
Севиля дар финали Лигаи Аврупо
Яке аз дастаҳои ширкаткунандаи бозии ниҳоии Лигаи Аврупо дар мавсими футболи 2019/2020 маълум шуд. “Севиля”-и Испания, ки дар нимфинал 16-уми август бар “Манчестер Юнайтед”-и Англия бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад, ба финал баромад.
Рақиби “Севиля” дар финал дар бозии ниманиҳоӣ миёни “Интер”-и Италия ва “Шахтёр”-и Украина шаби 17-уми август маълум хоҳад шуд.
Лигаи Аврупо, 1/4 финал
10-уми август (душанбе)
Манчестер Юнайтед (Англия) - Копенгаген (Дания) – 1:0
Интер (Италия) - Байер (Олмон) – 2:1
11-уми август (сешанбе)
Шахтёр (Украина) - Базел (Швейтсария) – 4:1
Вулверхэмптон (Англия) - Севиля (Испания) – 0:1
1/2 финал
16-уми август (якшанбе)
Севиля (Испания) – Манчестер Юнайтед (Англия) – 2:1
17-уми август (душанбе)
Интер (Италия) – Шахтёр (Украина)
Финал
21-уми август (ҷумъа)
Севиля (Испания) - ғолиби Интер (Италия) / Шахтёр (Украина)
Бояд гуфт, ки ба далели пандемияи коронавирус Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) дар аввали моҳи март мусобиқоти Лигаи қаҳрамонҳо ва Лигаи Аврупоро боздошт. Инчунин қаҳрамонии футболи Аврупо ба соли оянда мавқуф гузошта шуд.
Дар ҳақиқвт бетараф боши, писари Кабириро ҳа ёдовар юарои чӣ накардӣ?
Ба чоплусон :Хукумат ин пешвоятон ва ахли оилаааш. Точикистон ин ватани тамоми миллати точик. Шумо ин ду чизро фахмед. Миллати точик мехохад,ки ислохоти кулли шавад ё пешвоятон бо тамоми ахли оилааш истеьфо равад.
ин маблағ қариб 3 ҳазор доллар мешавад, дар кишвари ҳамсоя Узбекистон, ки ҳамин хел қоида ҷорӣ аст, қариб 600 доллар аст, хол он ки маоши миёнаи онҳо аз Тоҷикистон хеле зиёд аст... Кани инсоф?...
Ҳукумати ноуҳдабарои мо боз роҳи осони аз хисоби кисаи мардум пур кардани буҷетро ёфт... , дар ҳилла гумем..
Кулоб шахри севвум? Не несите отсебятину! Курган-тепа, Турсунзода, Чкаловск, Орджинкидзеобод - и шахро аз Кулоба калонтарай!