Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон лигаи ҳандбол таъсис ёфт


Акс аз вебсайти Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Акс аз вебсайти Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи варзиши кишвар лигаи ҳандболро таъсис дод. Мусобиқа миёни ҷавонон доир мегардад ва дар он ҳашт даста ширкат меварзад. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳо дар ду марҳила сурат мегиранд ва дастае, ки имтиёзҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Марҳилаи аввали лигаи ҳандболи Тоҷикистон аз 17-ум то 28-уми август баргузор мешавад. Дар даври аввал 17-уми август “Сарез” бо “Ҳисор”, “Пагранчӣ” бо “Марко Поло”, “Сокол” бо “Паразити” ва 18-уми август “СКИФ” бо “Душанбе” бозӣ мекунанд.

“Рӯзҳои 29-31 август Федератсияи ҳандболи Осиё барои доварони Тоҷикистон тариқи онлайн давраи омӯзишӣ мегузаронад. Доварони мо, ки бозиҳои марҳилаи аввали лигаи ҳандболро ҳакамӣ мекунанд, имкон доранд дар давраи омӯзишӣ иштирок ва донишҳои худро афзун намоянд. Сипас, доварон донишу таҷрибаи андухтаашонро дар марҳилаи дуюм амалӣ мекунанд”, - иброз намудааст Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев, раиси Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ дар оянда аз ҳисоби бозигарони моҳир дастаи мунтахаби Тоҷикистон таркиб ёфта, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шарафи кишварро ҳимоя хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG