Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи "Истиқлол", мусовии "Хуҷанд" ва бохти "Хатлон" дар даври 11-уми Лигаи олӣ


Бозиҳои даври 11-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 12-13-уми август баргузор шуданд. Дар се бозӣ мизбонон, дар як дидор меҳмонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид.

Се бозӣ рӯзи чоршанбе, 12-уми август, доир гардид. Пешсафи мусобиқа - дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба дарвозаи дастаи “Файзканд”-и Восеъ се голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов ду гол ва Муҳаммадҷон Раҳимов як гол ба самар расонданд.

Дар бозии дигари даври ёздаҳум тими ССКА-и Душанбе дар меҳмонӣ бар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати тими ғолиб Нодирбек Иброҳимов ду гол, Билол Сулаймонов, Шамсиддин Қосимов ва Шодибек Ғаффоров якголӣ ба ҳадаф расонданд. Голи “Регар-ТадАЗ” ба Нозим Бобоҷонов марбут аст.

Бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Локомотив-Помир”-и Душанбе дар шаҳри Хуҷанд бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

Ду бозии дигари даври ёздаҳум рӯзи панҷшанбе, 13-уми август, доир гардид. “Истаравшан”-шаҳри Истаравшан дар майдони худ бар “Душанбе-83”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро Салам Ашӯрмамадов ва Илҳом Баротов ба ҳадаф расонданд.

“Кӯктош”-и Рӯдакӣ бар дастаи меҳмон - “Хатлон”-и Бохтар – бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид. Голҳои Муҳаммадшарифи Саидхоҷа ва Далер Ёдгоров ба мизбонон се имтиёз овард.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври 11-ум дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи олӣ “Истиқлол” бо 31 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. “Хуҷанд” бо 23 имтиёз дар зинаи дувум ва “Хатлон”бо 21 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 11-ум

«Истиқлол» – «Файзканд» – 3:0

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 24 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 52 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 69 (3:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

12 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Регар-ТадАЗ» – ССКА – 1:5

Голҳо: Нодирбек Иброҳимов, 6 (0:1). Нодирбек Иброҳимов, 69 (0:2). Нозим Бобоҷонов, 77 (1:2). Билол Сулаймонов, 84 (1:3). Шамсиддин Қосимов, 87 (1:4). Шодибек Ғаффоров, 90+2 (1:5).

Беҳтарин бозигари дидор: Нодирбек Иброҳимов (ССКА).

12 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».

«Хуҷанд» – «Локомотив-Помир» – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Шуҳрат Элмуродов («Локомотив-Помир»).

12 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

«Истаравшан» – «Душанбе-83» – 2:0

Голҳо: Салам Ашӯрмамадов, 7 (1:0). Илҳом Баротов, 76 – аз пеналтӣ (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Салам Ашӯрмамадов («Истаравшан»).

13 август. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

«Кӯктош» – «Хатлон» – 2:1

Голҳо: Қурбоналӣ Бобоев, 20 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 48 – аз пеналтӣ (1:1). Далер Ёдгоров, 76 (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Далер Ёдгоров («Кӯктош»).

13 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

11

10

1

0

45-5

31

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

11

7

2

2

19-11

23

3

«Хатлон» (Бохтар)

11

6

3

2

21-16

21

4

ССКА (Душанбе)

11

5

3

3

19-14

18

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

11

4

4

3

13-13

16

6

«Душанбе-83» (Душанбе)

11

3

2

6

10-20

11

7

«Файзканд» (Восеъ)

11

2

5

4

10-20

11

8

«Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)

11

2

2

7

16-28

8

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

11

2

2

7

13-27

8

10

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

11

1

2

8

7-19

5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 12 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 9 тӯб, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Парвиз Бақӣ-Охунов («Хатлон»), Шодибек Ғаффоров (ССКА) – 6-тӯбӣ.

Даври 12-ум

15 август (шанбе)

Оғози бозӣсоати 19:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

16 август (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Файзканд» – «Хатлон»

ССКА – «Кӯктош»

«Душанбе-83» – «Регар-ТадАЗ»

«Локомотив-Помир» – «Истаравшан»

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG