Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ: "Сирояти коронавирус тавассути ғизо номумкин аст"


Майк Райан, раҳбари барномаҳои изтирории Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, далелҳое мавҷуд нест, ки сирояти коронавирус аз як шахс ба шахси дигарро тавассути ғизо тасдиқ кунад ва аз ин рӯ сокинон набояд ҳарос дошта бошанд, ки ин вирус ба воситаи ғизо мегузарад.

Ин изҳороти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ баъди он нашр мешавад, ки ахиран дар ду шаҳри Чин дар бастаҳои маҳсулоти яхбастаи воридотӣ коронавирус ошкор шуд. Ин чиз нигарониҳоеро низ ба вуҷуд овард, ки эҳтимоли паҳншавии вирус тавассути маҳсулоти ғизоӣ вуҷуд дорад.

"Мардум аз маҳсулоти ғизоӣ, бастаҳои маводи ғизоӣ ё дастрас кардани он набояд ҳарос дошта бошанд. Ягон далеле мавҷуд нест, ки саҳми маводи ғизоӣ дар паҳншавии коронавирусро тасдиқ кунад", - изҳор дошт раҳбари барномаҳои изтирории Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Майк Райан 13-уми август дар Женева.

Рӯзи панҷшанбе шумори қурбониёни коронавирус дар саросари ҷаҳон аз 750 ҳазор гузашт. Баъзе аз кишварҳо дар пасманзари афзоиши шумори мубталоён карантинро сахттар карданд. То ба имрӯз дар ҷаҳон беш аз 20 миллион кас ба вируси мазкур мубтало шудааст.

XS
SM
MD
LG