Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон карантинро ба тадриҷ бекор мекунад


Шаҳри Нурсултон, Қазоқистон, августи 2020.
Шаҳри Нурсултон, Қазоқистон, августи 2020.

Мақомоти Қазоқистон "нақшаи ба тадриҷ бекор кардани карантин"-ро аз 17 августи соли равон қабул карданд

Комиссияи давлатӣ 13 август дар ҷаласаи худ гуфт, карантине, ки аз 5 июли соли равон ҷорӣ шуда буд, барои ба эътидол овардани вазъи эпидемиологӣ дар Қазоқистон кумак кард.

Ба огаҳии дафтари матбуотии сарвазири Қазоқистон, дари кинотеатрҳо, осорхонаҳо ва иттиҳодияҳои динӣ баста мемонад. Ҳамчунин баргузории чорабиниҳои оммавӣ, намоишгоҳ, форум ва сафар ба берун аз шаҳру ноҳияҳо манъ хоҳад буд.

Бар асоси қарори комиссия, аз 17 август марказҳои гуногуни савдо, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, толорҳои варзишӣ, марказҳои омӯзишӣ ва гуруҳҳои навбатдори боғчаҳо фаъолияти худро аз сар мегиранд.

Ба ҷуз ин, ба тамринҳо дар осмони боз ва ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ иҷозат дода мешавад.

Дар Қазоқистон 5 июли соли равон, дар пайи афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус баъди бекор кардани карантини аввал дубора карантини сахттар ҷорӣ шуд.

Дар ин кишвар ҷамъан 117 104 нафар ба коронавирус мубтало шуда, 1 433 бемор фавтидааст.

XS
SM
MD
LG