Бозиҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон муқобили дастаҳои Муғулистон, Ҷопон ва Мянмар дар доираи марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, ки моҳҳои октябр ва ноябри имсол ба нақша гирифта шуда буд, ба соли 2021 гузаронида шуд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ба далели вазъи имрӯзаи ҷаҳон дар робита ба пандемияи COVID-19, Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) тасмим гирифтанд бозиҳои интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, ки мебоист моҳҳои октябр ва ноябри имсол баргузор мешуданд, ба соли 2021 мавқуф гузошта шаванд.
Бо мақсади ҳимояи саломатӣ ва амнияти ҳамаи иштироккунандагон FIFA ва AFC ҳамкориро идома медиҳанд, то ки вазъиятро дар минтақа зери назорат гирифта, санаҳои навро барои баргузории бозиҳои интихобӣ муайян намоянд. Маълумоти бештар оид ба санаҳои нави даврҳои навбатии бозиҳои интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 замони наздиктарин эълон хоҳад шуд.
Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон се бозии боқимондаро дар гурӯҳи “F” соли оянда баргузор мекунад. Футболбозони тоҷик дар даври ҳафтум дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон рақобат менамоянд. Баъдан мунтахаби Тоҷикистон дар даври нӯҳум дар меҳмонӣ бо тими миллии Ҷопон бозӣ хоҳад кард. Бозии охирини марҳилаи дувуми мусобиқа миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Мянмар дар Душанбе доир мегардад.
Мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳарчор бозиаш ғолиб омада, бо 12 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб намудааст, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мебошад.
Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд.
Дастаи мунтахаби Мянмар бо шаш имтиёз дар зинаи чаҳорум ва мунтахаби Муғулистон бо се имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудаанд.
Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
Қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ
Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «F»
Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвал
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Ҷопон |
4 |
4 |
0 |
0 |
13-0 |
12 |
2 |
Қирғизистон |
5 |
2 |
1 |
2 |
10-5 |
7 |
3 |
Тоҷикистон |
5 |
2 |
1 |
2 |
6-8 |
7 |
4 |
Мянмар |
5 |
2 |
0 |
3 |
5-13 |
6 |
5 |
Муғулистон |
5 |
1 |
0 |
4 |
2-10 |
3 |
Бозиҳои боқимонда:
Даври 7-ум
Тоҷикистон – Муғулистон
Ҷопон – Мянмар
Даври 8-ум
Муғулистон – Ҷопон
Мянмар – Қирғизистон
Даври 9-ум
Ҷопон – Тоҷикистон
Қирғизистон – Муғулистон
Даври 10-ум
Тоҷикистон – Мянмар
Ҷопон – Қирғизистон
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!