Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои наврасони Осиё-2025 дар Узбекистон мегузарад


Яке аз варзишгоҳҳо дар Тошканд. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз варзишгоҳҳо дар Тошканд. Акс аз бойгонӣ.

Бозиҳои чаҳоруми тобистонаи наврасони Осиё соли 2025 дар Узбекистон баргузор мешавад. Мудирияти мусобиқа ташкил карда шуд, ки онро муовини сарвазири кишвар Азиз Абдуҳакимов раҳбарӣ мекунад. Тибқи иттилои gazeta.uz, ҳангоми омодагӣ ба бозиҳо таҷрибаи Олимпиадаи дарпешистода дар Токио омӯхта мешавад.

Тасмим дар бораи баргузории Бозиҳои IV тобистонаи наврасони Осиё соли 2025 дар Узбекистон аз ҷониби Шӯрои олимпии Осиё дар Давҳа моҳи сентябри соли 2019 гирифта шуда буд.

"Бо мақсади татбиқи яке аз панҷ ташаббуси асосии президенти Узбекистон, ки ҷалби ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин боло бардоштани нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ ва рушди сайёҳӣ дарбар мегирад, ба Шӯрои олимпии Осиё оид ба гузаронидани Бозиҳои тобистонаи наврасони Осиё-2025 дар Узбекистон пешниҳоди расмӣ ирсол шуда буд", - хабар медиҳад сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Узбекистон.

Ҳукумати ҷумҳурӣ низ ин ташаббусро дастгирӣ кард ва 8-уми август "Дар бораи чораҳои омодагӣ ба Бозиҳои IV тобистонаи наврасони Осиё дар Узбекистон дар соли 2025" қарор қабул намуд.

Тибқи ин санад, дар назди Кумитаи миллии олимпии Узбекистон кумитаи тадорукоти Бозиҳои наврасони Осиё "Тошканд-2025" таъсис ёфт. Онро муовини сарвазир, раиси Кумитаи давлатии рушди туризми Узбекистон Азиз Абдуҳакимов раҳбарӣ мекунад.

Ба мудирияти бозиҳо дар якҷоягӣ бо Шӯрои олимпии Осиё ва федератсияҳои варзишии қора супориш дода шуд, ки нақшаи кулли омодагӣ ба мусобиқотро таҳия кунанд.

Дар байни вазифаҳои асосии мудирият таҳлили иқтидори инфрасохтори мавҷуда, омодасозии иншооти варзишӣ ва дигар иншоотҳо мувофиқи талаботи Шӯрои олимпии Осиё ва федератсияҳои байналмилалии варзишӣ ва бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ, тиббӣ ва техникӣ таъмин намудани онҳо мебошад.

Ҳангоми омодагӣ ба бозиҳо ба кумитаи тадорукот супориш дода шуд, ки таҷрибаи ташкили Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2021 дар Токио, Бозиҳои бузургсолон ва наврасони Осиёро, ки солҳои 2021-2022 дар шаҳрҳои Шантау ва Ханчжоуи Чин баргузор мешаванд, омузад.

Дар ин санад омадааст, ки то охири сол раҳбарияти Шӯрои олимпии Осиё барои имзо кардани шартномаҳо, созишномаҳо, меморандумҳо ва номаҳои кафолатӣ ба Узбекистон меояд. Узбекистон инчунин барои мизбонии Бозиҳои Осиё-2030 дархост кардааст.

XS
SM
MD
LG