Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ҷои чаҳорумро гирифт


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи ҷаҳонии онлайнии шоҳмот дар дивизиони севум мақоми чорумро касб кард, натавонист ба дивизиони дувум роҳ пайдо намояд ва дар натиҷа аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов рӯзи 10-уми август хабар дод.

Ба иттилои ӯ, дар ин мусобиқа ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷамшед Исоев, Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхоҷаев, Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Ҷалолиддин Илҳомӣ, Сабрина Абророва, Алишер Каримов, Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев ва Меҳриддин Шарифов дохил буданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бар тимҳои Ботсвана (6:0), Тайбейи Чин (4:2), Нигерия (6:0), Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (5:1), Ангола (5:1) ғолиб омада, аз тими Шри-Ланка (2:4) мағлуб шуд ва се бозиро бо дастаҳои Португалия (3:3), Шотландия (3:3) ва IPCA (дастаи омехта, 3:3) бо натиҷаҳои мусовӣ анҷом дод.

Дар ҳисоби инфиродӣ Сабрина Абророва дар байни шатранҷбозони тоҷик натиҷаи беҳтарин ба даст овард. Ӯ бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омада, дар 9 бозӣ 9 имтиёз гирифт.

Надежда Антонова аз 9 бозӣ дар ҳашттоаш пирӯз шуд. Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхоҷаев (7 бозӣ) ва Мутриба Ҳотами (9 бозӣ) 5-имтиёзӣ гирифтанд.

Натиҷаҳои шатранҷбозони дигари тоҷик чунинанд: Алишер Каримов 3,5 имтиёз (6 бозӣ), Меҳриддин Шарифов 3,5 имтиёз (6 бозӣ), Ҷамшед Исоев 2 имтиёз (3 бозӣ), Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев 0,5 имтиёз (2 бозӣ), Ҷалолиддин Илҳомӣ 0,5 имтиёз (3 бозӣ).

Ҷадвали ҷамъбастӣ

1. Португалия – 15

2. IPCA – 14

3. Шотландия – 14

4. Тоҷикистон – 13

5. Шри-Ланка – 11

6. Иморот – 8

7. Ботсвана – 8

8. Тайбэйи Чин – 4

9. Ангола – 3

10. Нигерия – 0

Дар Олимпиадаи ҷаҳонии онлайнии шоҳмот зиёда аз 1500 нафар шатранҷбозон дар ҳайати беш аз 160 даста иштирок мекунанд. Мувофиқи рейтинги Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ), дастаҳо ба дивизионҳо ҷудо шудаанд ва Тоҷикистон ба дивизиони севум шомил буд.

Мусобиқа охири моҳи июл дар дивизионҳои поин оғоз гардид. Чанде аз дастаҳо аз рӯйи натиҷаҳои рақобат дар дивизиони чорум ба дивизиони севум роҳ ёфтанд. Дастаҳо даҳтоӣ ба панҷ зергурӯҳ тақсим шуда, аз 7-ум то 9-уми август тариқи реҷаи онлайн бо ҳам бозӣ карданд. Се дастаи беҳтарин аз ҳар як зергурӯҳ ба дивизиони дувум роҳхат гирифт.

Бозиҳои онлайнии шоҳмот то 23-юми август идома меёбанд. Дастаи ғолиб дар мусобиқаи нокаут-систем, ки аз 27-ум то 30-юми август доир мегардад, муайян хоҳад шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG