Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраи дувуми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз ёфт


Давраи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбе, 8-уми август, бо се бозии даври даҳум шуруъ шуд.

Пешсафи мусобиқа «Истиклол»-и Душанбе дар меҳмонӣ «Локомотив-Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ду голи «Истиқлол»-ро Алишер Ҷалилов ба самар расонд. Боз як голи дигарро Эҳсони Панҷшанбе зад.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар сафар бар «Душанбе-83» бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ду голи Фатҳулло Фатҳуллоев ва Тоҳир Малодӯстов ба меҳмонон се имтиёз овард.

Бозӣ миёни дастаҳои «Файзканд»-и Восеъ ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии Кӯлоб баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 0:0 ба поён расид.

Ду бозии боқимондаи даври даҳум рӯзи якшанбе, 9-уми август, доир гардид. «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад. Дар дастаи ғолиб Умарҷон Шарипов ду гол, инчунин Парвиз Боқӣ-Охунов ва легионери камерунӣ Жан Гатен якголӣ заданд. Ҳарду голи меҳмононро Нозим Бобоҷонов аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Бозии дигари даври даҳум миёни дастаҳои ССКА-и Душанбе ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Ба голи Шодибек Ғаффоров бозигари мибонон Саиддостон Фозилов посух дод. Вале дар замони изофа (90+9) Шодибек Ғаффоров тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф расонда натавонист. Тӯбро дарвозабони меҳмонон Беҳрӯз Хайриев баргардонд.

Баъди натиҷагирии даври даҳум дар ҷадвали мусобиқа «Истиқлол» бо касби 28 имтиёз дар мақоми аввал аст. «Хуҷанд» бо касби 22 имтиёз дар зинаи дувум ва «Хатлон» бо 21 имтиёз дар зинаи севум қарор доранд.

Бозиҳои даври ёздаҳуми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 12-13-уми август баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 10-ум

«Душанбе-83» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Агблей Ҷонс, 11 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 21 (1:1). Тоҳир Малодӯстов, 76 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»).

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

8 август. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

«Локомотив-Помир» – «Истиқлол» – 0:3

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 8 (0:1). Эҳсони Панҷшанбе, 26 (0:2). Алишер Ҷалилов, 45+1 (0:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

8 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

«Файзканд» – «Кӯктош» – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Далер Ёдгоров («Кӯктош»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

8 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 4:2

Голҳо: Умарҷон Шарипов, 1 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 15 – аз пеналтӣ (1:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 51 (2:1). Нозим Бобоҷонов, 59 – аз пеналтӣ (2:2). Умарҷон Шарипов, 79 (3:2). Жан Гатен, 90 (4:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Умарҷон Шарипов («Хатлон»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

9 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

ССКА – «Истаравшан» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 13 (1:0). Саиддостон Фозилов, 44 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Беҳрӯз Хайриев («Истаравшан»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

9 август. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

10

9

1

0

42-5

28

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

7

1

2

19-11

22

3

«Хатлон» (Бохтар)

10

6

3

1

20-14

21

4

ССКА (Душанбе)

10

4

3

3

14-13

15

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

10

3

4

3

11-12

13

6

«Душанбе-83» (Душанбе)

10

3

2

5

10-18

11

7

«Файзканд» (Восеъ)

10

2

5

3

10-17

11

8

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

10

2

2

6

15-23

8

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

10

1

2

7

11-27

5

10

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

10

1

1

8

7-19

4

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов, Алишер Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол») – 10-тӯбӣ, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 8 тӯб, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон») – 6-тӯбӣ.

Даври 11-ум

12 август (чоршанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Истиқлол» – «Файзканд»

«Хуҷанд» – «Локомотив-Помир»

«Регар-ТадАЗ» – ССКА

13 август (панҷшанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Истаравшан» – «Душанбе-83»

«Кӯктош» – «Хатлон»

XS
SM
MD
LG