Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷавиҳои Ишқободро ба супоридани ташхиси COVID-19 вазифадор карданд


Яке аз бемористонҳои Ишқобод.

Дар пойтахти Туркманистон кормандони соҳаи буҷавӣ ва ширкатҳоро вазифадор карданд, ки аз ташхиси COVID-19 гузаранд. Ба иттилои огаҳон, дастури мақомот дар ин бора 6 август содир шудааст.

"Дар сурати нагузаштан аз ташхис ва надоштани натиҷаи ташхис дар даст, ба коргоҳ роҳ намедиҳанд",-гуфт як сокини шаҳри Ишқобод.

Кормандони буҷавӣ гуфтанд, ки арзиши ташхис 100 манат (қариби 30 доллари ИМА) аст.

"Ба табибон дастур шудааст, ки натиҷаи ташхисро дар варақа нанависанд, балки коргоҳи давлатиро дар ҷараён гузоранд ва коргоҳ кормандонро ба бемористон ирсол хоҳад кард",-гуфт сокини Ишқобод.

Дар ҳафтаҳои охир Туркманистон аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барои мубориза зидди коронавирус кӯмаки башарӣ дарёфт кард. Аммо сарфи назар аз ин то кунун мақомоти он кишвар мавҷудияти коронавирусро дар Туркманистон рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG