Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурмагомедов ба мубориза бо Гэйҷӣ бо футболкаи нишони Узбекистон омодагӣ мегирад


Ҳабиб Нурмагомедов ба мубориза бо размкори амрикоӣ Ҷастин Гэйҷӣ бо футболкаи нишони давлатии Узбекистон омодагӣ мегирад, хабар медиҳад Оҷонсии навгониҳо Podrobno.uz.

Рақобати Нурмагомедов - Гэйҷӣ рӯзи 24-уми октябр баргузор мешавад. Мубориза барои унвони қаҳрамони UFC дар вазни сабук, ки алъон ба варзишгари русиягӣ тааллуқ дорад, пуршиддат хоҳад гузашт. Нурмагомедов дар ҳамаи 28 рақобат пирӯз шудааст.

"Саволҳо ҳамеша пайдо хоҳанд шуд, теъдоди онҳо хеле зиёд аст. Муҳим аз ҳама он аст, ки ту посухи онҳоро худат медонӣ. Хаёлот метавонад муддати тӯлонӣ дар сарат чарх занад, то мубориза 80 рӯз аст ", - навиштааст Нурмагомедов дар Инстаграми худ.

Қаблан размкори 31-сола иқрор шуд, ки омодагии сахт хоҳад дошт. Тамринҳо бо сабаби вафоти падар ва мураббиаш Абдулманап Нурмагомедов, ки 2-юми июл дар 57-солагӣ пас аз бемории коронавирус даргузашт, қатъ шуда буд.

Бояд гуфт, ки Ҷастин Гэйҷӣ, размкори амрикоӣ оид ба муҳорибаи омехта (MMA), ҳамватани худ Тони Фергюсонро дар раунди панҷуми мубориза барои унвони муваққатии қаҳрамони UFC дар вазни сабук мағлуб кардааст.

Мусобиқаи UFC 249 дар Ҷексонвилл (Флорида, ИМА) дар пасманзари пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон бе ҳузури тамошогарон доир гардид. Мақомоти иёлоти Флорида ва комиссияи варзишӣ ба мусобиқа иҷозат доданд, ки тибқи қоидаҳои муайян ва муоинаи ҳаррӯзаи ташхиси тиббии зарурӣ баргузор карда шавад.

Гэйҷӣ бо шикаст додани Фергюсон довталаби ҳатмӣ дар мубориза бо дорандаи унвони пурраи қаҳрамонӣ Ҳабиб Нурмагомедов гардид. "Ман интизори камарбанди воқеӣ ҳастам. Ҳабиб беҳтарин дар ҷаҳон аст. Ман чаҳор сол инҷониб барои чунин рақобатҳо кор мекунам ва шодам, ки ИМА-ро дар муқобили беҳтарин размкори Доғистон ва Русия намояндагӣ хоҳам кард. Ман дигар мақсад надорам, ман мехоҳам бо ӯ мубориза барам”, - гуфтааст Гэйҷӣ пас аз рақобат бо Фергюсон.

Дар тӯли карйераи худ Гэйҷии 31-сола 24 бозӣ карда, ду бор шикаст хӯрдааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG