Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикои Лотинӣ аз назари талафот аз вирус Аврупоро гузашт


Табиби мексикоӣ ба бемори шифоёфтае менигарад.
Табиби мексикоӣ ба бемори шифоёфтае менигарад.

Амрикои Лотинӣ аз назари талафот аз бемории COVID-19 аз Аврупо гузашт ва дар умум шумораи фавтидагон дар саросари ҷаҳон ба 700 ҳазор нафар расид. Дар Амрикои Лотинӣ марги 206 000 нафар аз коронавируси нав сабт шудааст, ки 30 дар сади талафот дар ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Ҳафтаи гузашта теъдоди сироятшудагон дар Амрикои Лотинӣ ба 5 миллион нафар расид, ки бештар аз ҳар қораи дигар аст. Дар Бразилия, ки аз назари талафот пас аз Амрико дар мақоми дуввум аст, то кунун 95 800 нафар ҷон бохтаанд.

Мексика бо 49 ҳазор фавтида дар зинаи саввум аст. Баъзе аз кишварҳои минтақа пеш аз онки ҷилави бемориро бигиранд, барои ба ҳаракат даровардани иқтисод, маҳдудиятҳои равуо ва фаъолиятҳои иқтисодиро сабуктар карданд.

Дар саросари ҷаҳон то кунун бештар аз 18 миллиону 500 ҳазор нафар ба COVID-19 гирифтор шудаанд. Дар бисёре аз кишварҳои Аврупо, ки бо маҳдуд кардани равуову фаъолиятҳои иқтисодӣ роҳи густариши босуръати вирусро гирифтанд, дар чанд ҳафтаи гузашта сироят зиёдтар шудааст.

XS
SM
MD
LG