Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FIFA эълом кард, ки Ҷанни Инфантино аз вазифа хориҷ карда намешавад


Ҷанни Инфантино, президенти ФИФА.
Ҷанни Инфантино, президенти ФИФА.

Ояндаи президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ки дар фасодкорӣ дар ин созмон айбдор мешавад, маълум гардид. Дар ин бора дар як нашрияи FIFA хабар дода шудааст.

Инфантино, сарфи назар аз мурофиаи додгоҳӣ алайҳи ӯ дар Швейтсария, аз вазифа хориҷ карда намешавад. "Ӯро ҳеҷ гуна муттаҳам накарданд, ӯ дар ягон чиз айбдор нест. ФИФА мутмаин аст пас аз анҷоми таҳқиқот собит хоҳад шуд, ки президент ҳеҷ кори бад накардааст",-гуфта мешавад дар баёнияи федератсия.

Дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи Инфантино 30-юми июл маълум шуда буд. Додситони махсуси Швейтсария Стефан Келлер алайҳи Инфантино парванда боз кард ва иҷозати оғоз намудани парванда алайҳи додситони кулли Швейтсария Майкл Лауберро талаб намуд. Сабабҳои тафтишот вохӯриҳои ғайрирасмии роҳбари FIFA бо Лаубер буданд, ки дар ҷараёни чораҳои тафтишотӣ оид ба парвандаҳои алоқаманд бо FIFA доир шудаанд.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки нисбати додситони Вали Боло Риналдо Арнолд парванда боз шудааст. Гумон меравад, ки Инфантино ва Арнолд иштироккунандагони вохӯриҳои пинҳонӣ бо додситони кулли Швейтсария буданд.

Собиқ роҳбари Федератсияи байналмилалии футбол Йозеф Блаттер хостори аз кор рафтани президенти кунунии ин созмон Ҷанни Инфантино шуд. "Барои ман вазъ маълум аст, кумитаи ахлоқи ФИФА бояд алайҳи Инфантино парванда боз кунад ва аз ин рӯ вай бояд аз вазифааш хориҷ шавад", -иқтибос овардааст хабаргузории "Reuters" аз қавли Блаттер.

Инфантино моҳи феврали соли 2016 президенти ФИФА интихоб шуда буд. Моҳи июни соли 2019 ӯро бори дигар ба муҳлати дувум интихоб карданд.

XS
SM
MD
LG